Факултити филологияи рус: донишҷӯён ба таҷрибаомӯзии педадгогӣ ҷалб гардиданд

Як гурӯҳ донишҷӯёни курси сеюми шуъбаи рӯзонаи факултети филологияи рус ба Муассисаи ғайридавлатии таълимии «Паймон»-и шаҳри Хуҷанд зери роҳбарии устодон таҷрибаи омӯзгории худро гузаронида истодаанд. Муассисаи барои таҷрибаомӯзон утоқи алоҳидаи корӣ, робитаи зич бо китобхонаи мактаб ва шабакаи интернет, вобаста намудан ба роҳбарии омӯзгорони соҳибтаҷрибаи мактаб, машварати роҳбари иттиҳодияи методии забони русӣ, муаллимони фаннӣ ва роҳбарони синф ва монади инҳоро ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани таҷрибаомӯзии педагогӣ фароҳам овардааст.

Давоми ҳафтаи аввали донишҷӯён бо шароити мактаб, муаллимон ва шароити корӣ дар муассиса мутобиқ шуда, ба синфҳои панҷум, шашум ва ҳафтум вобаста шуданд. Ҳамзамон аз омӯзгорони пуртаҷриба роҳу усулҳои муосири таълимро омӯхтанд. Аз ҳафтаи дуюм таҷрибаомӯзон бевосита мустақилона ба гузаронидани дарс оғоз намуданд. Ҳамарӯза методистони вобасташуда, омӯзгорони мактаб ва маъмурияти мактаб ба раванди корҳои таълимӣ, тарбиявӣ, сохтани нақшаҳои тавзеҳӣ ва нақшаи дарси яксоата, айёниятҳо, гузаронидани чорабиниҳои гуногуни тарбиявӣ кӯмаки амалӣ расонида истодаанд.

Ҳамчунин садорати факултет, мудири кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти рус, мудири шуъбаи таҷрибаомӯзии раёсати донишгоҳ, дотсент Назирҷон Пулотов мунтазам ташриф оварда, ҷиҳати дар сатҳи касбӣ гузаронидани раванди таҷрибаомӯзӣ ба донишҷӯён маслиҳатҳои муфиди методӣ дода мешавад. Ҳамин тариқ таҷрибаомӯзон донишҳои назариявиашонро дар амал татбиқ намуда истодаанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ