​Факултети забонҳои шарқ: таҷлили “Рӯзи Мавлоно”

Бо ташаббуси кафедраи забон ва адабиёти тоҷик дар толори факултети забонҳои шарқ маҳфили илмӣ-адабӣ бахшида ба “Рӯзи Мавлоно” бо иштироки устодон ва донишҷӯёни факултет баргузор гардид.

Нахуст, муовини декан оид ба корҳои илм ва инноватсия, номзади илмҳои филологӣ Нуъмон Нигматов маҳфилро оғоз намуда, дар бораи мақому шуҳрати Ҷалолиддини Румӣ ба нишастагон маълумот дод. Сипас профессори кафедраи забон ва адабиёти тоҷик Фахриддин Насриддинов дар мавзуи “Андешаҳои худшиносӣ дар осори Мавлавӣ” маърузаи пурмуҳтаво намуд. Зикр шуд, ки Мавлоно шуҳрати ҷаҳонӣ дошта, дар Аврупо мардум аз ҳама бештар ба харид ва омӯзиши осори ӯ кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Гуфта шуд, ки осори Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ ҳашт қарн инҷониб дар рушди тафаккури маънавии ҷомеаи башарӣ замина гузошта меояд ва ҷомеаро худшиносиву худогоҳӣ даъват менамояд.

Дар фарҷом миёни иштирокдорон перомуни ҳаёт ва фаъолияти Мавлонои Румӣ мубодилаи афкор ҷараён гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ