​Факултети забонҳои шарқ: Озмуни “Луғатдони беҳтарин”

Дар асоси эълони озмун раёсати донишгоҳ ҷиҳати иҷрои намудани дастуру супоришҳои Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои азёд намудани 400 вожаҳои серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ барои омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна, олии касбӣ ва кормандони соҳаи маориф ва илм дар факултети забонҳои шарқ озмуни “Луғатдони беҳтарин” баргузор гардид.

Озмун дар байни донишҷӯёни бахши 1,2,3 ва 4 –уми ихтисосҳои арабӣ-англисӣ, форсӣ-англисӣ ва хитойӣ-англисӣ гузаронида шуда, аз се шарти асосӣ иборат буд. Дар шарти аввал иштирокчиён дар байни 35 ҳарфҳои алифбои тоҷикӣ яке аз ҳарфҳоро қурракашӣ карданд ва дар давоми як дақиқа ҳар чи бештар калимаҳоро бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ гуфтанд.

Дар шарти дуюм бошад, ҷойи холии матни забони русиро бо калимаҳои муносиб пурра карда, онро бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ тарҷума намуданд.

Шарти сеюми озмун “Spelling Bee” унвон дошта, маънои калимаҳо бо забони тоҷикӣ ва русӣ маънидод шуд, донишҷӯён калимаро дарёфта, ҳарф ба ҳарф бо забони англисӣ номбар намуданд.

Ҳамин тариқ озмун дар сатҳи баланд доир гардида, ғолибон бо сипоснома ва туҳфаҳои садорати факултет қадрдонӣ шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ