Факултети забонҳои шарқ: ғолиби мусобиқаи волейбол

Бо ташаббуси шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқа аз рӯйи намуди волейбол миёни устодону кормандон давоми ҳафтаи аввали моҳи феврали соли равон ташкилу баргузор гардид.

Дар мусобиқа оид ба волейбол миёни устодону кормандон, ки бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон баргузор гашт, дастаҳои факултети забонҳои шарқ ва факултети физика бо ҳам дар бозии финалӣ рақобат намуданд. Дар даври ниҳоии бозӣ дастаи факултети забонҳои шарқ бо бартарии бештар ғолиби мусобиқа гардида, дар байни дастаҳои донишгоҳ мақоми аввалро соҳиб гашт.

Дастати факултети физикаю техника бошад сазовори зинаи дую ва дастаҳои факулети биология ва химия, санъати тасвирӣ ва технология мақоми сеюмро соҳиб гаштанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ