​Факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ: ҷамъбасти Спартакиада

Дар майдончаи варзишии Хуррамшаҳри Донишгоҳ Спартакиадаи факултети, ки бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён дошт, ҷамъбаст гардид.

Спартакиадаи мазкур аз рӯи намуди шоҳмот, шашка, тенниси рӯи миз, дастхобонӣ ва футболи хурд ҷараён гирифта, дар он донишҷӯён иштирок намуданд.

Ба ғолибони ҷойҳои 1, 2 ва 3 ифтихорнома, диплом ва Ҷоми факултет супорида шуд.

Дар ҷамъбасти Спартакиада декани факултет, дотсент Нуриллозода Хушбахт иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯ овардан ба варзишро асоси беҳдошти солимии ҷомеа унвон намудаанд. Мавсуф тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби донишҷӯён ба чорабиниҳои мунтазами варзишӣ, барои интихоб намудани донишҷӯ болаёқат барои дастаҳои яккачини факултет, тайёрӣ ва иштирок дар мусобиқаҳои варзишӣ муҳим арзёбӣ намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ