Факултети таҳсилоти ғоибона: Натиҷагирӣ аз сатҳу сифат ва раванди таълим, тарбия, илм ва инноватсия

Дирӯз ҷаласаи наздисадорати факултети таҳсилоти ғоибонаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳти роҳбарии декани факултет,профессор Аслиддин Пӯлотов баргузор гардид. Натиҷагирӣ аз сатҳу сифат ва раванди таълим, тарбия, илм ва инноватсия дар факултет яке аз масъалаҳои асосии ҷаласабуд. Дар ҷаласа баробари дастовардҳои факултет аз мушкилот низ ёдовар шуда, роҳи ҳалли онҳо муҳокима ва баён гардиданд.

Муовинони декан оид ба беҳдошти сатҳу сифат ва самаранокии раванди таълиму тадрис, корҳои таълимӣ-методӣ, тарбиявӣ, илмӣ-инноватсионии факултет гузориш доданд. Ба иттилои муовини декан оид ба таълим, дотсент М.Неъматоваҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълим чораҳои мушаххас амалӣ карда шуда, имконоту шароити муосири таҳсил фароҳам оварда шудааст. Гуфта шуд, ки дастовардҳои устодони факултет дар соҳаи тарбия, илм ва инноватсия низ назаррасанд. Декани факултетба устодони ҷавон изҳори нигаронӣ намуд, ки ҳар чӣ тезтар мавзуъҳои рисолаҳои илмиашонро тасдиқ ва дифоъ намоянд.

Дар фарҷом сарвари факултет, профессор Аслиддин Пӯлотов ба устодони ҷавон Гулбодом Собирова ва Шоҳрӯз Шоҳҳусайнзода барои иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ –маърифатӣва ба муносибати таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон Сипосномаи кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро супориданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ