​Факултети санъат: Вохӯрӣ бо волидайни донишҷӯён


Дирӯз дар факултети санъат вохӯрӣ бо волидайни донишҷӯён бо иштироки муовини ректор оид ба тарбия, доктори илмҳои таърих профессор Усмонзода Аюб ва корманди ШВКД дар шаҳри Хуҷанд, майори милитсия Соҳибназар Саидаҳмадов баргузор гардид. Ҳадафи вохӯрии мазкур шинос намудани волидайн ва донишҷўён бо низомнома ва қарору фармонҳои амалкунанда дар соҳаи маориф, аз қабили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти №274 аз 8 июни соли 2007, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2011 таҳти №762 «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», фармоиши Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1889 аз санаи 04.10.2007 (Қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-июли 2007, таҳти №14/2) дар бораи тасдиқи «Дастуруламали либосҳои тавсиявии хонандагон ва донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ», пешгирии падидаҳои номатлуб дар байни ҷомеа ва монанди инҳо маҳсуб ёфта, дар ҷараёни баргузории вохӯрӣ мазмуну муҳтавои он ба самъи волидайн расонида шуд ва риояи онҳо аз ҷониби волидайн бори дигар ёдрас гардид. Дар идома сарпарастони гуруҳҳои академӣ доир ба хислату рафтор ва иштирок дар дарсҳо ҳамчунин аз худ намудани дарсҳои шогирдони худ ба волидайни онҳо ҳисобот пешниҳод намуданд.

Баъди баррасии масъалаҳои зикршуда, волидайни донишҷӯён ба музокира баромада, ба раёсати донишгоҳ барои фароҳам овардани шароити хуби таҳсил изҳори сипос намуданд. Дар фарҷоми вохӯрӣ аз ҷониби донишҷӯён барномаи фарҳангӣ ба муносибати Рӯзи омӯзгор ва Рӯзи забони давлатӣ ба намоиш гузошта шуд.

Лозим ба тазккур аст, ки мувофиқи нақша чорабиниҳои шуъбаи тарбияи чунин вохӯриҳо дар дигар факултетҳои донишгоҳ низ гузаронида мешаванд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ