​Факултети санъат: намоиши китобҳо ва баргузории семинари илмӣ

Дар доираи чорабиниҳои ҳафтаи илм дар факултети санъат намоиши китобҳои китобхонаи шахсии дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва китобшиносӣ Солиҷонов Нодирҷон баргузор гардид. Номбурда китобҳои нодири соҳаҳои мухталифи илм, аз ҷумла фарҳанг, таърих ва адабиёт, ки дар тўли фаъолияташон ҷамъоварӣ гаштаанд, ба маърази тамошо гузошта шуд. Инчунин доир ба китобҳои ба намоиш гузошташуда, маълумоти мухтасари библиографӣ дода шуда, арзиши баланди илмиву фарҳангии китобҳои мазкур таъкид гардид.

Баъдан бо иштироки кулли устодону донишҷуёни факултет қисмати назариявӣ – семинари илмӣ дар мавзуи “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ҳамчун дастури библиографӣ” маърўзаи дотсенти кафедра Солиҷонов Нодирҷон шунида шуд. Мавсуф оид ба арзиши китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ҳамчун шиносномаи миллат, манбаи библиографӣ ба сифати сарчашмаи муҳими илмӣ қайд карда гузашт. Мавсуф таъкид намуд, ки китоби мазкур ҳамчун махзани маърифат барои шиносоӣ бо таърихи пурифтихори халқи тоҷвару тоҷдор, фарҳангиву тамаддунсоз ва ҳунарманду кишоварз хизмат менамояд. Гуфта шуд, ки ин шоҳасари миллӣ бо беш аз 15 забони дунё тарҷума шуда, гузаштаву имрўзи пурифтихори халқи тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд.

Дар қисмати музокиравӣ усодон доир ба мавзуи матраҳшуда андешаҳои худро иброз доштанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ