​Факултети санъат: Муаррифии китоби тозанашр

Тибқи нақшаи чорабиниҳои ҳафтаи илм дар факултети санъат муаррифии китоби тозанашри устодон Ҷӯрабек Исоматдинов ва Д. Рустамов таҳти уновни «Аз таърихи фарҳанги мусиқии вилояти Суғд дар асрҳои ХIХ-ХХ» бо иштироки васеи устодон баргузор гардид.

Сараввал дотсент Ҷӯрабек Исоматдинов оид ба муҳтавои монография, ки ба забони русӣ интишор шудааст, ба таври возеҳу муфассал ба ҳозирин маълумот пешниҳод намуданд. Мавсуф қайд намуданд, ки масъалаи муқоисаи сабкҳои мусиқӣ дар мисоли сабки Бухоро, Хўқанд ва шимоли мамлакат, инчунин масъалаи бори аввал ба нота гирифтани асари безаволи Шашмақом аз ҷониби Беляев, Успенский (соли 1924), намояндагони маъруфи санъати мусиқии классикӣ - Содирхон Ҳофиз, Ҳоҷӣ Абдулазизи Самарқандӣ, Маъруфхўҷа Баҳодуров дар китоби мазкур ба риштаи таҳқиқ кашида шудаанд. Сипас, дотсент Султоналӣ Худойбердиев иброз дошт, ки монографияи мазкур – бозгўи саҳифаи як марҳилаи таърихӣ дар илми мусиқӣ ҳисобида мешавад. Баъдан устодон Гулчеҳра Шарипова, Сорбон Норбадалов, Аҳрор Ботуров ва Д.Рустмаов андешаҳои худро перомуни китоби тозанашр иброз доштанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ