​Факултети математика: ғолибон қадр шуданд

Дар факултети математика дар доираи ҷамъбаст аз моҳвораи ҷавонӣ аз як қатор озмунҳо натиҷагирӣ карданд. Ба ин муносибат бо иштироки мудири шуъбаи тарбияи раёсати донишгоҳ Бахтиёр Шомирзоев ва декани факултет Музаффаров Дилшод ҷамъомад доир гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки бо ташаббуси садорати факултет як қатор озмун, аз ҷумла «Варзиши ақл», «Донишҷӯи сол», бозии интеллектуалии «Brain Battles», озмуни «Сканавидони беҳтарин» ва мусобиқаи варзишии «Шашка» байни донишҷӯёни факултет гузаронида шуда, ҳамакнун ғолибон муайян шуданд.

Бахтиёр Шомирзоев, мудири шуъбаи тарбия доир ба нақши ҷавонон дар рушди мамлакат ибрози назар намуда, ҷавононро ба омӯзиши илму дониш, ташаббускорӣ, фаъолнокӣ ва ҳифзи истиқлоли давлатӣ, ҳимояи сулҳу суботи сиёсии кишвар даъват намуд.

Ҳамзамон, ғолибони озмунҳо бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр шуданд.

Барномаи фарҳангӣ ба ҷамъомад шукуҳи бештар бахшид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ