Факултети физикаю техзника: озмуни ихтироъкорон ва навоварон

Дар доираи “Ҳафтаи илм” дар факултети физикаю техника бо ташаббуси кафедраи электроника озмуни ихтироъкорон ва навоварон дар байни устодону донишҷӯён ташкил ва гузаронидани шуд.

Декани факултети физикаю техника, дотсент Абдумалик Қаюмзода чорабиниро ифтитоҳ намуда, афзуд, ки озмуни мазкур бо мақсади дарёфти ҷавонони беҳтарин, лаёқатманд, ташаббускор ва соҳибмаърифат байни донишҷӯён ташкил гардида, муҳасиллини беҳтарину пешқадам бо туҳфаҳои садорати факултет қадршиносӣ мешаванд.

Сипас, Ёрзода Диловар, донишҷӯи соли дуюми ихтисоси дастгоҳҳои электронӣ дар мавзуи “Релеи вақт”, Отаҷонов Дилшод, донишҷӯи соли дуюми ихтисоси дастгоҳҳои электронӣ перомуни мавзуи “Генератори релаксатсионии ларзишҳои росткунҷаи электрикӣ бо фронтҳои кӯтоҳ”, (Мультивибратор), лаборанти кафедраи электроника, Раҳматов Мустафо дар мавзуи “Танзимкунандаи ҳарорат”, Умматқулов Алишер, донишҷӯи соли чоруми ихтисоси мошинҳои ҳисоббарор, низомҳо ва шабакаҳо дар мавзуи “Тартиб додани барномаи ҳозираи электронӣ” маърӯза ироа намуданд.

Дар идома Боҳир Раҷабов – намояндаи аз раёсати Донишгоҳ баргузории чунин ташаббусҳоро ҷиҳати дарёфти донишҷӯёни лаёқатманду ихтироъкор муҳим арзёбӣ намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар охири ҳафта ғолибони ҳамаи бахшҳо бо ифтихорномаву сипоснома ва туҳфаҳои моддӣ қадршиносӣ карда мешаванд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ