​Факултети физикаю техника: ҷамъбасти “Ҳафтаи илм”

Дар факултети физикаю техника чорабинии илмӣ-тарбиявӣ таҳти унвони “Паёми Пешвои миллат роҳнамои мост” ва муаррифии китоби профессори кафедраи назарияи физика, Ҳайдар Саидов ва дотсент Муминҷон Шамсиддинов, ки таҳти унвони “Поягузорони илми физикаю техникаи донишгоҳ” ба нашр расида буд, баргузор гардид.

Дар чорабинӣ муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Хайрулло Сабурӣ, сардори раёсати илм ва инноватсия Ромизҷон Абдуллоев, мудири шуъбаи омодасозии кадрҳои илмӣ - педагогӣ Боҳирҷон Раҷабов иштирок ва баромад намуданд.

Нахуст, меҳмонон аз дастовардҳои олимони факултет, ки дар долон ба намоиш гузошта шуда буд, дидан намуда, баҳои баланд доданд.

Сипас, Хайрулло Сабурӣ баромад намуда, зикр дошт, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санади сарнавиштсоз ба шумор рафта, роҳу усулҳои даст ёфтан ба ҳадафҳои стратегӣ - таъмини истиқлоли энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар, ва дар ин замина, дурнамои рушди устувори сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро ҳамвор ва муайян месозад. Номбурда дар идома таъкид дошт, ки дар Паёми солона Пешвои миллат ба соҳаи илму маорифи кишвар бештар аз пештар таваҷҷуҳ намуда, доир ба ғамхориҳои пайвастаи давлат ва ҳукумати кишвар ба ин соҳа сухан карданд ва арз доштанд, ки роҳбарону кормандони соҳаи маориф дар баробари чунин дастгириҳо сатҳу сифати таълимро дар муассисаҳои таълимӣ баланд бардоранд. Дар ҷамъбасти суханрониаш Хайрулло Сабурӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти илм ва инноватсионии факултет дар соли хониши 2022 ва нақшаҳои минбаъдаи соли 2023 ибрози назар намуд.

Ҳамзамон аз ҷониби декани факултет, дотсент Қаюмзода Абдумалик китоби тозанашри “Поягузорони илми физикаю техникаи донишгоҳ” муаррифӣ гардид.

Дар ҷамъбасти як қатор фаъолон ва ғолибони озмунҳои “Ҳафтаи илм”-и факултети физикаю техника бо сипосномаю ифтихорномаҳо қадршиносӣ гардиданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ