​Факултети филологияи узбек: чорабинии илмӣ-адабӣ

Дар факултети филологияи ӯзбек бахшида ба 540 солагии шоири ӯзбек Заҳириддини Муҳаммад Бобур бо ташаббуси устодони кафедраи адабиёти ӯзбек ва методикаи таълими он чорабинии илмӣ-адабӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ устодон ва донишҷӯёни факултет ширкат варзида, перомуни ҳаёт ва фаъолияти шоир маълумот доданд.

Нахуст, декани факултет дотсент Баҳром Ҷабборов ҳамоишро ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба паҳлуҳои мухталифт ҳаёт ва фаъолияти Муҳаммад Бобур ибрози назар намуд. Сипас, дотсент Мавлонбердӣ Суюнов дар мавзуи “Омӯзиши эҷодиёти Бобур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърӯза кард.

Ҳамчунин, омӯзгори кафедраи адабиёти ӯзбек ва методикаи таълими он, роҳбари шуъбаи Тоҷикистон фонди ҷамоавии байналхалқии ба номи Заҳириддини Муҳаммад Бобур, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Бахтиёр Файзуллоев баромад намуда, доир ба куллиёти тозанашр, “Бобурнома” суханронӣ кард.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ