​Факултети филологияи тоҷик: Озмуни луғатдони беҳтарин

Дар факултети филологияи тоҷик тибқи нақшаи раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ озмуни “Луғатдонӣ” дар асоси дастуру супоришҳои Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати азёд намудани 400 вожаи серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ миёни донишҷӯён доир карда шуд.

Озмунро декани факултет профессор Замирахон Улмасова ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ва суханрониҳояш пайваста таъкид мекунанд, ки дар баробари хуб донистани забони модарӣ, инчунин забонҳои русию ангилисӣ ва дигар забонҳои хориҷиро ҷавонони мо омӯзанд. Вобаста ба ин имрӯз давраи аввали озмуни “Луғатдонӣ” дар факултет доир мегардад, ки ғолибон ба давраи донишгоҳӣ пешниҳод карда мешаванд,- таъкид дошт Замира Улмасова.

Сипас омӯзгорони фанни забони англисӣ – Юсупова М., Эрматова М. ва забони руссӣ – Ҷабборова Қ., Сангинова С. дар асоси 400 вожаи серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илм пешниҳод шудаастмиёни донишҷӯён озмунро гузаронида, беҳтаринҳоро ба давраи аввали озмуни “Луғатдонӣ” ба раёсати донишгоҳ пешниҳод карданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ