Эҳтиёт! Аз вуруд ва баёни андеша дар барномаҳои ифротиён!
Шурўъ аз оғози асри ХХI дар ҳаёти инсоният таҳаввулоти ҷиддӣ рух дод. Ба туфайли рушди илму техника технологияҳои иттилоотӣ низ ба таври назаррас пешрафт карда, таъсирашон ба ҷомеа торафт амиқтар гардиданд. Асри 21-ро имрӯз бидуни интернет, ки ба як ҷузъи муҳими иттилоърасонӣ табдил ёфтааст, тасаввур кардану дидан ғайриимкон аст. Асри иттилоот дигар марзҳоро шикаст. Дигар барои иттилоот сарҳад вуҷуд надорад. Истифодабаранда метавонад ба дилхоҳ маълумот ё иттилоот дар зудтарин фурсат ва бидуни душворӣ дастрасӣ пайдо кунад. Ин корро ба истифодабаранда аз як тараф сомонаву шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ва аз сӯи дигар шабакаҳои телевизионии моҳворавӣ осон мекунанд, ки теъдодашон торафт меафзояд.
Доштани маълумот ё иттилоот барои ҷомеаи муосир аз ҳар ҷиҳат муфиданд – албатта дар назар дорем маълумоту иттилооти саҳеҳ ва лозимаро. Вале аз иттилоъ бардоштҳо гуногун шуда метавонанд, ки ин ба қобилияти фаҳмиш, дониш ва заковати хонанда вобаста аст. Сара кардани маълумот, ташхиси иттилооти саҳеҳ аз носаҳеҳ таҳлил мехоҳад, ки чунин қобилият дар ҷомеаи имрӯз тарбия мехоҳад.
Яъне, дар чунин шароит идора ва назорати иттилоот аз имкон берун гардида, хоҳу нохоҳ дар баробари манфиат ҷомеа ба таъсирҳои манфии иттилоот низ дучор мешаванд. Ин ҳолат зарурати таҳкими бехатарии иттилоотиро ба миён мегузорад. Бо дарки ин муаммо имрӯз тамоми кишварҳои ҷаҳон таъмини амнияти иттилоотиро ба масъалаи асосӣ табдил додаанд, ки Тоҷикистон низ истисно нест.
Ҳоло барномаҳои онлайниву интернетӣ ва мустақимро гурӯҳҳои ғайриқонуниву бадхоҳони давлату миллат, ки аз хориҷа истода, тугмачаи онро пахш менамоянд, метавонанд дар як фурсати кӯтоҳ ҷавонони бегуноҳро ба чанголи худ гиранд ва ба доми ифротии худ кашанд. Зеро барномаҳои “Ҳақ ва ботил”, “Минбари муҳоҷир” ва ба ҳамин монанд аз ҷониби аъзову алоқамандон ва ҷонибдорони ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъи наҳзати исломӣ, гурӯҳи 24 ва ғайра рӯи кор омада, омода аст, дар як муддати кӯтоҳ мафкураи ҷавонони навроҳро заҳролуд созанд, ки ин хатари ҷиддист ба оила, ҷомеа ва давлати мо мебошад.
Аз ин лиҳоз, аз ҳар ҷавонони ватандӯст, гӯяндаву шунаванда ва тарғибгару ташвиқгар даъват ба амал оварда мешавад, ки бо такя ба иттилои расмии сомонаву саҳифаҳои ташкилоту муассисаҳои давлативу ҷамъиятӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ворид ва андешаи худро баён созанд, вагарна, баръакси он саропо ҷинояту хиёнаткорист.
Бобоҷони Хайриддин – ҷомеашинос, устоди ДДХ