Эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва омодаи ҳимоят аз марзи кишвар
Тоҷикистон дар ҳамаи сатҳу марҳилаҳо ҷонибдории худро аз ҳалли мусолиматомези масъала эълон доштааст, аммо дурнамои раванд нишон медиҳад, ки ҳоло давлат ва ҷомеаи мо бояд барои вазъияту буҳронҳои печидатаре омода бошад.
Бо чунин пешбиниву пешомад, дар канори омодагии ҷиддии сиёсию низомию иттилоотӣ, яке аз муҳимтарин заруратҳо огоҳ будани қишрҳои гуногуни ҷомеа аз моҳияти низоъ ва воқеияти мавқеъ ва манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он аст. Аммо арзёбии пайвастаи фазои иттилоотӣ ва тамоси ҳамешагӣ бо қишрҳои гуногуни ҷомеа нишон медиҳад, ки гарчӣ аксари мардум дорои эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва омодаи ҳимоят аз марзи кишвар ҳастанд, аммо дар бораи худи моҳияти низоъ, сабаби пеш омадани чунин ҳолат дар ин қисмати марзҳои байнидавлатӣ ва моҳияти мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин масъала маълумоти чандон дақиқе дар ихтиёр надоранд. Ин ҳолат, яъне камбуди тасаввуру маълумоти дақиқ дар бораи асосу таъриху миқёсу моҳияти ин низоъ, на танҳо дар байни мардум, балки миёни аҳли зиё, хизматчиёни давлатӣ ва ҳатто кормандони қатории ниҳодҳои қудратӣ низ мушоҳида мешавад.
Ду кишвар истиқлол ва ягонагии ҳудудии ҳамдигарро ба таври расмӣ эътироф намуда, шартномаи дӯстӣ ва даҳҳо санадҳои дигари дӯстиву ҳамкорӣ ба имзо расониданд. Аммо ҳам ихтилофи амалӣ ва ҳам баҳси ҳуҷҷатҳо байни ду ҷониб дар марҳилаи нав низ идома ёфта, ҷиддитару печидатар шуд.
Тоҷикон аз қадимулайём миллати сулҳдӯст ва меҳмоннавоз буданд. Онҳо боре ҳам бо ягон ҳамсояашон наҷангидаанд, зеро ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронида, медонанд, ки ҷанг чӣ қадар ғаму андӯҳ ба бор меорад.
Мутаассифона, чунин ҳодиса бори аввал нест, ки дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон рух медиҳад. Ҳамсояи аҳдшикани қирғиз гумон кард, ки тоҷикон барои ҳимояи Ватани худ истодагарӣ карда наметавонанд. Бояд хотиррасон намоем, ки дар лаҳзаҳои тақдирсоз гузаштагони мо, чун Спитамен, Муқаннаъ, Темурмалик, Восеъ ва дигарон ҷони худро дареғ надоштанд, то шаъну шараф ва марзу буми Ватани хешро ҳифз кунанд. Мо аҷдоди номбардори ин қаҳрамонони диловар ҳастем. Роҳбарияту Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми сулҳдӯсти мо суботу оромиро азиз медонанд ва кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки анъанаҳои неки ҳамсоягиро риоя намоянд, барои сулҳи на танҳо кишвари мо, балки тамоми минтақа масъулият эҳсос мекунанд. Роҳбарони бемасъулияти Қирғизистон ба хотири беҳбуди молии худ имрӯз давлату мардумашро ба бозии хатарнок кашида истодааст. Онҳо фикр мекунанд, ки тавассути фитнаҳои қаллобонаи худ дар марз таваҷҷуҳи мардумро аз аъмоли ношоистаашон дур мекунанд.
Малика Томирис- омӯзгор,таҳлилгар