​Эмомалӣ Раҳмон ва рушди иқтисод

Бӯҳрони иқтисодии солҳои 90-ум. Бӯҳрони умумие, ки дар миёнаи солҳои 80-ум Иттиҳоди Шӯравиро фаро гирифт, ба тамоми ҷумҳуриҳои иттифоқӣ таъсири манфии худро расонид. Шикасти ИҶШС, канда шудани робита ва ҳамкориҳои иқтисодӣ боиси бӯҳрони шадиди иқтисодӣ, ба маротиб паст рафтани сатҳи иқтисодиёт, истеҳсолот дар тамоми соҳаҳо - саноат ва кишоварзӣ гардид. Дар замони шӯравӣ иқтисодиёти мамлакат аз як марказ идора карда шуда, тамоми корхонаҳои саноатӣ мисли занҷир ба ҳам пайваст буданд. Сиёсати горбачёвии “худтаъминкунӣ”, “худмаблағгузорӣ” иқтисодиёти мамлакатро аз лиҳози сарчашмаи аз як марказ таъмин кардан маҳрум сохт. Бисёр корхонаҳои хурду калон аз кор монда, сафи бекорон зиёд ва боиси норозигии мардум гардид.

Аз муомилот баровардани пулҳои қоғазии арзишашон баланд (50-100 сӯма), бекор карда шудани қоғазҳои қиматбаҳо (заёмҳо), беқурб шудани пасандозҳои мардум дар бонкҳои давлатӣ сабаби бӯҳрони шадиди молиявӣ, паст шудани сатҳи зиндагии мардум гардид.

Бӯҳрони иқтисодии солҳои 90-ум Тоҷикистонро низ фаро гирифт. Ҷумҳурии мо ба кишти зироати пахта (монокултура) мутобиқ гашта буд. Аз охирҳои солҳои 70-ум захираҳои аграрии ҷумҳурӣ коста шуда, бар асари сиёсати нодурусти аграриву саноатии марказ иқтисодиёти ҷумҳурӣ зарари калон дид. Тақсимоти меҳнат нодуруст ба роҳ монда шуда, мардуми маҳаллӣ асосан дар соҳаи кишоварзӣ кор мекарданд. Тоҷикистон аз рӯйи афзоиши аҳолӣ дар ИҶШС ҷойи аввалро ишғол мекард, аммо маҳдудияти захираҳои истеҳсолӣ имконият намедод, ки сатҳи зиндагии мардум боло бардошта шавад.

Аз нимаи дуюми солҳои 80-ум суръати афзоиши ҳосилнокии меҳнат дар хоҷагии халқи ҷумҳурӣ дар қиёс бо дараҷаи умумииттифоқӣ 1,3 маротиба паст шуд. Дар оғози истиқлолият бар асари бӯҳрони сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ Тоҷикистон ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ шуд. Ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ ба иқтисодиёти кишвар наздик 10 млрд. доллари амрикоӣ зарар расонид.

Барномаҳои бузурги рушди хоҷагии халқ дар соҳаи озуқаворӣ, энергетика, роҳу нақлиёт ва ғайра бо пуррагӣ ҳалли худро наёфтанд. Бӯҳрони иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва маънавие, ки ҷумҳуриро фаро гирифт, ба се марҳила ҷудо кардан мумкин аст:

марҳилаи якум аз охири солҳои 80-ум то миёнаи соли 1992 – оғози суст шудани суръатафзоии иқтисодиёт ва паст рафтани сатҳи зиндагии мардум;

марҳилаи дуюм – солҳои 1992-1997 давраи шиддат ёфтани бӯҳрон, ки бо низоъи дохилӣ ва ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ вобастагӣ дорад;

марҳилаи сеюм то имрӯз тадриҷан баромадан аз бӯҳрон, таъмини вазъи сулҳу субот ва интихоби рушди устувори ҷомеа.

Дастовардҳои иқтисодии Тоҷикистон. Ҳукумати ҷумҳурӣ барои раҳоӣ аз бӯҳрон ва таъмини рушди устувор чандин барномаву ҳуҷҷатҳои муҳим, аз ҷумла, “Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2015”, “Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015”, “Барномаи миёнамӯҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020”, “Стратегияи идоракунии молиявии давлатӣ барои солҳои 2009-2018”, “Стратегияи миллии рушди ҶумҳурииТоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва дигар барномаҳои давлатиро қабул намуд.

Роҳбарияти мамлакат ба инкишофи саноати сӯзишворӣ, энергетика, металҳои ранга ва сохтмони роҳҳо ҳамчун заминаи муҳими пешрафти иқтисодӣ аҳамияти хоса медод. Дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби сармояи ватанӣ ва хориҷӣ садҳо корхонаҳои хурду калони худӣ ва муштарак ба кор шуруъ карданд.

Аз ҷумла, дар вилояти Суғд корхонаҳои муштараки Зарафшон (Тоҷикистон- Британияи Кабир) соли 1995 “Апрелевка” (Тоҷикистон-Канада) доир ба истиғроҷи тилло, дар соҳаи саноати сабук корхонаҳои “Ҷавонӣ” (Тоҷикистон-Италия), “Кабоол-Тоҷик-текстайл” (Тоҷикистон-Корея), “ВТ-силк” (Тоҷикистон-Ветнам), “Абрешим” (Тоҷикистон- Италия) ва ғайраба фаъолият оғоз намуданд.

То охири солҳои 2000-ум дар ҷумҳурӣ 2292 объекти соҳаи савдо (90,2%) ва хӯроки умумӣ (90,4%), 2064 объекти хизмати маишӣ аз шумораи умумии объектҳои хусусишаванда ба моликияти хусусӣ табдил дода шуданд.

Дар давраи Шӯравӣ Тоҷикистон яке аз ҷумҳуриҳои асосии истеҳсоли пахта буда, дар мамлакат истеҳсоли пахта ба 920 ҳазор тонна ва ҳатто ба 1 миллион тонна расида буд, аммо истеҳсоли ин зироати стратегӣ соли 1997 то ба сатҳи 353 ҳазор тонна, соли 1998 - 383 ҳазор, соли 1999 - 313 ҳазор ва соли 2000-ум ба 335 ҳазор тонна расид. Тамоюли пешрафти он тақрибан аз соли 2001-ум оғоз ёфта, истеҳсоли пахта соли 2003 ба 537,7 ҳазор тонна ва соли 2004 ба 560 ҳазор тонна расонида шуд.

Дар натиҷаи чораҳои андешидаи Ҳукумати ҷумҳурӣ аз соли 1996 пастравии истеҳсолоти маҳсулоти кишоварзӣ боздошта шуда, афзоиши он таъмин гардид. Ҳаҷми истеҳсоли кишоварзӣ дар соли 1996 назар ба соли 1995 - 2%, соли 1997 - 3,6%, соли 1998 - 6,5 %, соли 2001 - 11%, соли 2002 - 15 % афзуд.

Дар пешрафти соҳаи кишоварзӣ Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ба деҳқонон ҷудо кардани 75 ҳазор гектар заминҳои президентӣ нашқи муҳим бозид.

Дар натиҷаи таъмини рушди устувори иқтисодӣ дар 7 соли охир ҳаҷми воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ беш аз 2 баробар афзуда, сурати миёнаи рушди иқтисодӣ ба 7% баробар шуд, ки ин мутобиқи меъёрҳои байналхалқӣ нишондиҳандаи баланд ба ҳисоб меравад. Ҳаҷми афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 2,7 баробар, кишоварзӣ 1,5 баробар, савдо 2 баробар, сармоягузорӣ 2,7 баробар таъмин гардид. Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолии мамлакат аз 5 ҳазор сомонии соли 2013 ба 8,8 ҳазор сомонӣ дар соли 2020 расонида шуд.

Дар 7 соли охир беш 1200 корхонаи нави истеҳолӣ ба фаъолият шурӯъ намуда, ҳамасола беш аз 150 ҳазор ҷойҳои нави кори доимӣ ва мавсимӣ таъсис дода шуданд ва шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ 50% кам гардид. Дар ин давра, даромади пулии аҳолӣ бештар аз 2 баробар ва музди меҳнати миёнаи 1 корманд 2,4 баробар зиёд шуд.

Дар натиҷаи амалӣ гаштани ҳуҷҷатҳои стратегӣ нишондиҳандаи сатҳи камбизоатӣ аз 38,3%-и соли 2013 то 26,3% дар соли 2020 паст гардид ва дарозумрии миёнаи умумии шаҳрвандон аз 73 то 75 сол боло рафта, фавти кӯдакони синни то панҷсола 20% коҳиш ёфт.

Ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ аз 12 млрд. сомонии соли 2013 то 23,6 млрд. сомонӣ дар соли 2020, яъне, 2 баробар афзоиш ёфт. Дар 7 соли охир ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ аз ҳисоби сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 83 млрд. сомонӣ сармоя аз ҷумла, зиёда аз 30 млрд. сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб гардид.Барои татбиқи лоиҳаҳои давлатӣ ва сармоягузорӣ 24 млрд. сомонӣ аз ҷумла, дар соҳаи энергетика 11 млрд. сомонӣ, нақлиёт 7,3 млрд. сомонӣ, кишоварзӣ ва обёрӣ 1,3 млрд. сомонӣ, бахши иҷтимоӣ ва дигар соҳаҳои афзалиятнок беш аз 4 млрд. сомонӣ равона карда шуд. Ҳоло барои рушди соҳаҳои мазкур ҳафтод лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ бо маблағи умумии 36 млрд. сомонӣ амалӣ шуда истодааст.

Ташкили соҳаҳои нави иқтисодӣ дар даврони истиқлолият. Дар давраи истиқлолият шаклҳои нави моликият ва соҳаҳои нави иқтисодӣ ба вуҷуд омаданд. Гузаштан ба муносибатҳои бозорӣ, хусусӣ гардонидани моликияти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, ҷорӣ намудани нархҳои озод яке аз хусусиятҳои иқтисодиёти давраи нав ба ҳисоб меравад. Дар ин давра дар сохтори истеҳсолоти саноатӣ ва кишоварзӣ дигаргуниҳо ба амал омаданд. Хусусигардонии корхонаҳои калон ва миёна, реструктризатсияи субъектҳои монополияи табиӣ ва корхонаҳои махсусан калон, ташкили корхонаҳои муштарак, саҳомӣ ва дигар шаклҳо дар соҳаи саноат яке аз хусусиятҳои раванди ислоҳот ва ташкили соҳаҳои нави иқтисодӣ дар даврони истиқлолият ба ҳисоб меравад.

Дар сохтори истеҳсолоти кишоварзӣ низ дигаргуниҳо ба амал омада, мувофиқи маълумоти омории соли 2004 шумораи Ассотсиатсияҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ 182 адад, хоҷагиҳои коллективии деҳқонӣ 193 адад, ҷамъиятҳои саҳҳомӣ 37 адад, кооперативҳои истеҳсолии кишоварзӣ 83 адад, хоҷагиҳои ёрирасони корхонаю ташкилотҳои кишоварзӣ 248 адад, хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) 16433 ададро ташкил менамуданд. Ин нишондод дар соли 2012 ба зиёда аз 54,3 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонӣ, аз ҷумла, 890 Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), 819 хоҷагии деҳқонии коллективӣ ва 357 хоҷагии кооперативӣ расидааст.

Истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон. Рушди энергетика яке аз заминаҳои пешрафти иқтисодии мамлакат ба ҳисоб меравад. Агар ба таърихи тараққиёти ин соҳа назар андозем аввалин иншооти гидроэнергетии Тоҷикистон НБО-и Варзоб-1 моҳи декабри соли 1937 ба истифода дода шуда, иқтидори он 7,15 мегаваттро ташкил мекард. Соли 1949 навбати дуюми НБО-и Варзоб бо иқтидори 14,5 мегаватт ва соли 1952 навбати сеюми он соли 1952 бо иқтидори 3,5 мегаватт ба кор даромад. Соли 1956 агрегати аввали НБО-и Қайроққум бо иқтидори лоиҳавии 126 мегаватт оғоз гардида, соли 1957 он бо иқтидори пурра мавриди истифода қарор гирифт. НБО-и Норак бо сарбанди 300 метра бо иқтидори 2700 мегаватт соли 1979 пурра ба кор даромада, соли 1988 иқтидори он ба 3000 мегаватт расонида шуд. Бузургтарин НБО дар минтақаи Осиёи Марказӣ бо 6 чархаи 600 мегавата баробар ба 3600 мегаватт, ки ҳоло бунёди он идома дорад, метавонад ҳамасола 13,1 млрд. кв. соат барқ тавлид намояд.

Дар давраи истиқлолият барои татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Тоҷикистон – таъмини истиқлолият ва амнияти энергетикии кишвар қадамҳои ҷиддӣ гузошта шуданд. Дар ин давра, бунёди НБО-и Сангтӯда-1, Сангтӯда -2, Помир-1, даҳҳо нерӯгоҳҳои хурди барқӣ ба кор даромада, 2 агрегати НБО “Роғун” ба кор даромад. Истеҳсоли нерӯи барқ аз 17,1 млрд. киловатт соат дар соли 2013 то 21 киловатт соат дар соли 2020 расонида шуд. Соли 2019 таҷдиди НБО-и обии “Норак” ва “Қайроққум” бо маблағи 5,5 млрд. сомонӣ оғоз гардида, татбиқи чунин лоиҳа дар НБО-и Сарбанд бо маблағи 1,3 млрд. сомонӣ идома дорад. Таҷдиди НБО-и Сарбанд аввали соли 2021 ба анҷом расида, дар натиҷа, иқтидори он қариб 45 мегаватт зиёд мегардад. Ҳоло барои бунёди НБО-и Себзор дар ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ корҳои сохтмонӣ идома дорад. Ҳукумат ба ин мақсад 470 млн. сомонӣ маблағ ҷудо кардааст ва ин иншооти муҳим то соли 2022 ба истифода хоҳад даромад. Барои рушди энергетика ҳоло 12 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо маблағи 16,1 млрд. сомонӣ татбиқ шуда истодааст.

Амалишавии лоиҳаҳо дар соҳаи энергетика имкон медиҳад, ки ҳаҷми истеҳсоли барқ дар 7 соли охир, яъне, солҳои 2013-2019 – 1,3 баробар афзоиш ёфта, аз 16 млрд. ба беш аз 20 млрд. киловатт соат расад.

Соли 2018 дар самти таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар қадами устувор гузошта шуда, бори аввал дар тӯли соҳибистиқлоли кишварамон маҳдудияти барқ бекор гардида, 3 соли охир мардуми мамлакат пурра бо барқ таъмин гардид ва дар ҳаҷми қариб 3 млрд. киловатт - соат содирот карда шуд.

Дар 10 соли охир иқтидорҳои истеҳсолии низоми энергетикии кишвар дар ҳаҷми 1520 мегаватт зиёд карда шуд ва беш аз 1300 км хатҳои интиқоли барқи баландшиддат сохта ба истифода дода шуданд.

Ин дастовардҳои муҳим натиҷаи талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ буда, орзуи чандинсолаи мардуми тоҷик амалӣ гардид ва тамоми кишвар аз мушкилоти бебарқӣ раҳоӣ ёфт.

Аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани Тоҷикистон/ бунёдиинфрасохторҳои нақлиёт, таҷдид ва сохтмони роҳу пулҳо, ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон яке аз ҳадафҳои муҳими Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб рафта, дар ин самт корҳои хеле бузург расонида шуданд. Дар ин давра беш аз 2000 км роҳҳои мошингард, 190 км роҳи оҳан, 31 км нақб ва беш аз 200 пул сохта, мавриди истифода қарор дода шуданд. Азнавсозӣ ва сохтмони роҳи автомобилгарди Шағм-Зиғар, Зиғар-Хостав-Шикев, Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб, Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, роҳи байналхалқи мошингарди Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Қулма-Қароқурум, сохтмони 6 пул миёни Тоҷикистону Афғонистон, сохтмони нақбҳои Истиқлол, Шаҳристон, Чормағзак, Шаршар барои аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадани Тоҷикистон, ба кишвари транзитӣ табдил ёфтани он, рушди робитаҳои байниминтақавӣ ва байналхалқии Тоҷикистон заминаи устувор гузошт.

Имрӯзҳо дар соҳаи нақлиёт 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 8,5 млрд. сомонӣ татбиқ шуда истодааст. Соли 2020 лоиҳаи таҷдид ва бунёди қитъаи Оби гарм ва Нурободи шоҳроҳи Ваҳдат-Лахш бо маблағи 3,5 млрд. сомонӣ, Қалъаи Хум-Ванҷ 2,2 млрд. сомонӣ, Ҳулбук-Темурмалик 200 млн. сомонӣ, сохтмони пули 7-уми дарёи Панҷ миёни Тоҷикистон ва Афғонистон дар мавзеи Қоқул бо 18 км роҳи мошингард бо маблағи 70 млн. сомонӣ оғоз меёбанд.

Ҳоло таҷдиду сохтмони роҳҳои мошингарди Душанбе-Бохтар, Хуҷанд-Исфара, Кӯлоб-Шамсиддин Шоҳин, Шкев-Қалъаи Хумб, Кӯлоб-Мӯминобод ба маблағи 4 млрд. сомонӣ идома дошта, ин роҳҳо то 30-солагии ҷашни истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода хоҳанд шуд.

Таъмини амнияти озуқаворӣ. Дар баробари таъмини амният ва истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ таъмини амнияти озуқавории кишвар аз ҷумлаи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Тоҷикистон ба шумор меравад. Барои расидан ба ин ҳадаф таҳия ва қабули “Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2015”, “Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015”, “Барномаи миёнамӯҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020”, “Стратегияи идоракунии молиявии давлатӣ барои солҳои 2009-2018”, Консепсияи сиёсати аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва дигар санадҳо нақши муҳим бозиданд.

Барои ҷумҳурии мо, ки 93% ҳудудашро кӯҳҳо ташкил мекунад, таъмини амнияти озуқаворӣ аҳамияти калидӣ дорад. Аз ин рӯ, бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат истифодаи самараноки замин, рӯёнидани ду ва зиёда аз он ҳосил аз заминҳои обӣ омили асосии ҳалли ин масъала ба ҳисоб меравад.

Тибқи маълумоти оморӣ соли 2008 истеҳсоли ғалладона дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 841 ҳазору 500 тонна, картошка 540 ҳазор тонна, сабзавот 738 ҳазор тонна расонида шуд. Бо супориши Пешвои миллат соли 2008 дар 170 ҳазор гектар заминҳои обӣ кишти тирамоҳии ғалладона гузаронида шуда, соли 2009 майдони кишти такрорӣ ба 160 ҳазор гектар расонида шуд. Натиҷаи чунин тадбирҳо буд, ки соли 2009 дар таърихи Тоҷикистон бори аввал 1 млн. 300 ҳазор тонна ғалладона ҷамъоварӣ карда шуд.

Дар давраи солҳои 2006-2012 барои таъмини амнияти озуқавории кишвар ва татбиқи сиёсати аграрӣ 5 қонун, 15 Барномаи соҳавӣ барои рушди боғдорӣ, пахтакорӣ, тухмипарварӣ, картошкапарварӣ, чорвопарварӣ, занбӯри асал, паррандапарварӣ қабул гардид. Барои таъмини пешрафти ин соҳа аз ҳисоби лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва буҷети давлат дар даври соҳибистиқлолӣ беш аз 12 млрд. сомонӣ равона карда шуд. Дар натиҷаи чунин тадбирҳои ҳукумат ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 3 баробар афзуда, аз 7,4 млрд. сомонии соли 2000-ум ба 21,3 млрд. сомонӣ дар соли 2018 расонида шуд. Дар тӯли 28 соли истиқлолият дар Тоҷикистон 190 ҳазор гектар заминҳои корам аз гардиши кишоварзӣ бароварда шуда, майдони заминҳои наздиҳавлигӣ 135 ҳазор гектар, аз ҷумла, аз ҳисоби заминҳои обӣ 52 ҳазор гектар зиёд гардид.

Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги об буда, барои таъмини аҳолӣ бо оби босифати ошомиданӣ тадбирҳои муҳим андешида мешавад. Ҳукумат дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд татбиқи 17 лоиҳаи давлатии сармоягузориро дар самти обтаъминкунии аҳолӣ дар ҳаҷми 2,4 млрд. сомонӣ оғоз намудааст, ки 55%-и онҳо то имрӯз амалӣ гардидаанд. Дар самти кишоварзӣ ва обёрии замин 35 лоиҳа бо маблағи умумии 5,4 млрд. сомонӣ татбиқ шуда истодааст.

Пешвои миллат ба ҳалли масъалаи амнияти озуқавории кишвар ҳамеша таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд ва ба ин соҳа маблағҳои зиёд ҷудо карда мешавад.

Саноатикунонии босуръати кишвар. Пешвои миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон” аз 26-уми декабри соли 2018 чунин таъкид намуданд, ки “Бо дарназардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ пешниҳод менамоям, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шавад.” Вобаста ба ин Сарвари давлат вазифадорӣ намуданд, ки то соли 2030 ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 22% расонида шавад.

Саноат дар ҳама давру замон поя ва заминаи асосии рушди ҳар як кишвар ба ҳисоб рафта, тараққӣ додани он яке аз вазифаҳои калидӣ ба ҳисоб меравад. То соли 1990 дар Тоҷикистон ҳамаи корхонаҳои саноатӣ давлатӣ буда, шаклҳои дигари он – корхонаҳои муштарак, саҳҳомӣ, хусусӣ вуҷуд надоштанд. Дар даврони истиқлолият шаклҳои нави корхонаҳои саноатӣ пайдо шуда, соли 2015 аллакай 53%-и корхонаҳо хусусӣ, 25% саҳҳомӣ ва 2%-и онҳо корхонаҳои муштарак буданд, корхонаҳои давлатӣ 20% -ро ташкил медоданд.

Агар соли 1992 дар Тоҷикистон 1628 корхонаи саноатӣ вуҷуд дошта бошанд, шумораи онҳо имрӯз ба 2068 адад расидааст ва дар ин корхонаҳо беш аз 86,4 ҳазор нафар одамон кору фаъолият доранд.

Саноати имрӯзаи Тоҷикистон зиёда аз 90 сати истеҳсолот ва намудҳои маҳсулотро, ки бо соҳаҳои истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, ангишт, саноати сабук, мошинсозӣ, коркарди филизот (металҳо) ва химия, масолеҳи сохтмон ва саноати хӯрок тааллуқ доранд, дарбар мегирад.

Дар ҷумҳурӣ бунёди корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ босуръат идома дорад. Танҳо дар соли 2015 тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нақшаи амал оид ба таъсиси корхона ва коргоҳҳои нави саноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015” 468 корхонаи нав бо таъсиси 8903 ҷойи нави корӣ бунёд ва истифода дода шуданд.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз 7,4 млрд. сомонии соли 1992 (дар муқоиса бо индексатсияи нархҳои имрӯза) ба 12,2 млрд. сомонӣ дар соли 2012 баробар шуд. Дар ин давра истихроҷи филизи №1 (тилло) ба 4591 кг, истеҳсоли семент ба 1,4 млн. тонна, ангишт беш аз 1 млн. тонна расонида шуд, ки ин нишондиҳандаҳои баландтарини даврони истиқлолият буда, натиҷаи заҳмату кӯшишҳои беандозаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меҳнати созандаю бунёдкоронаи мардуми тоҷик барои пешрафти иқтисодиёти миллӣ ва шукуфоии ҷумҳурии азизамон мебошад.

Саноати хӯрокворӣ ва коркарди соҳаҳои гуногуни он ба таври муназзам ривоҷ ёфта, теъдоди ин корхонаҳо аз 300 адади соли 1990 ба 700 адад дар соли 2015 расид ва дар онҳо беш аз 7500 сокини кишвар кору фаъолият доранд. Дар зарфи чанд соли охир дар ҷумҳурӣ 20 корхонаи коркарди ғалла, 18 корхонаи истеҳсоли макарон, 56 корхонаи тавлиди орд, 70 корхонаи истеҳсоли нӯшокиҳо бунёд, аз нав сохта шуда, бо техникаи муосир муҷаҳҳаз шуданд.

То соли 2008 ҳамагӣ 34 корхонаи тавлиди орд мавҷуд бошад ҳоло шумораи он зиёда аз 55 ададро ташкил мекунанд ва иқтидори умумии онҳо коркарди 2 млн. тонна гандум мебошад.

То соли 1991 дар ҷумҳурӣ 3 корхонаи калонтарини саноати бофандагӣ дар Душанбе, Қӯрғонтеппа, Конибодом амал мекарданд, ки иқтидори коркарди солонаи 28 ҳазор тонна пахтаро доштанд. Ҳоло тамоми корхонаҳое, ки дар замони истиқлолият сохта шуданд, имкон доранд, ки беш аз 70 ҳазор тонна пахтаро коркард намоянд.

Дар даврони истиқлолият соҳаҳои гуногуни саноати сабук-қолинбофӣ, истеҳсоли сару либос, ҷӯроббофӣ ва ғайра ривоҷ ёфтанд.

Яке аз соҳаҳои муҳими саноат дар Тоҷикистон соҳаи саноати кӯҳӣ ба ҳисоб меравад. Тоҷикистон дорои сарватҳои бойи зеризаминӣ буда, азхуд кардани онҳо барои рушди иқтисоди ҷумҳурӣ мусоидат менамояд. Тибқи тадқиқотҳои геологӣ ҷумҳурии мо дорои захираҳои 4,5-5 млрд. тонна ангишт буда, имрӯз шумораи корхонаҳои истихроҷи ангишт аз 2 ба 16 адад расидааст. Тоҷикистон аз соли 2007 ба Афғонистон ва Покистон беш аз 12 ҳазор тонна ангишт содир кардааст. Айни замон дар ҷумҳурӣ 80 корхонаи тавлиди хишт, 28 корхонаи оҳангудозӣ, 6 корхонаи семент, 1 корхонаи тавлиди шиша ва беш аз 15 корхонаи саноати хӯрокворӣ фаъолият доранд.

Ҳукумати Тоҷикистон дар самти татбиқи амалии сиёсати иқтисодии хирадмандонаи Пешвои миллат ва амалӣ сохтани ҳадафи чорум – саноатикунонии босуръати кишвар чораву тадбирҳои заруриро андешида, барои бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав ва ба ин васила, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум беш аз пеш саъю талош менамояд.

Рушди иқтисодии беруна. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ чун кишвари ҷонибдор ва манфиатдори ҳамкориҳои берунии иқтисодӣ омодагии худро барои ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои ҷаҳон эълон намуда, муносибатҳои байналмилалии худро аз рӯи принсипҳои сиёсати “дарҳои кушод” ба пеш гузоштааст, ки моҳияти он ҳамкориҳои мутақобилан судманд, эҳтироми якдигар ва мудохила накардан ба корҳои дохили кишвари дигар мебошад.

Ҳоло Тоҷикистон ҳамчун субъекти ҳуқуқи байналмилалӣ узви баробарҳуқуқи Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони умумиҷаҳонии савдо ва дигар созмонҳои бонуфузи байналмилалии иқтисодӣ мебошад.

Ташкили Корхонаҳои муштарак, вусъати ҳамкориҳои судманд бо ширкату корхонаҳои хориҷӣ, тиҷорати озоди беруна ва густариши ҳамкориҳои дуҷониба бо кишварҳои хориҷӣ барои рушди муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ натиҷаҳои назаррас доранд. Чунин ҳамкориҳо гардиши тиҷороти хориҷи ҷумҳуриро дар давоми солҳои истиқлолияти давлатӣ 30 маротиба зиёд намуд. Тоҷикистон дар як қатор чорабиниҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ аз ҷумла, мулоқоти 10-уми Комиссияи байниҳукуматии долони нақлиётии байналмилалии Аврупо-Қавқоз-Осиё, Конфронси байналмилалии сатҳи олӣ оид ба рушди иқтидори транзитии Осиёи Марказӣ барои давраи то соли 2023, Форуми якуми сармоягузорӣ доир ба татбиқи Нақшаи амалӣ доир ба татбиқи нақшаи амали Созмони ҳамкории исломӣ оид ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказиро ташкил ва ҳамчун мизбон қабул намуд. Чорабиниҳои мазкур барои таҳким ва рушди муносибатҳои иқтисодии берунӣ, беҳтар намудани амнияти нақлиёт, ҳифзи муҳити зист, пешбурди тиҷорат таъсири мусбат гузошт. Узвият ба Созмони умумиҷаҳонии савдо ва ба тавсиб расидани як зумра Созишномаҳои интиқоли транзитии молу маҳсулот байни давлатҳои минтақа барои васеъ намудани имкониятҳои гузаргоҳҳои наздисарҳадӣ шароит фароҳам овард.

Шомил гардидани Тоҷикистон ба Созмони савдо барои рушди минбаъда ва ҳамгироии бештар бо иқтисодиёти ҷаҳонӣ, баланд гардидани нуфузи кишварамон дар арсаи байналмилалӣ, бархӯрдор шудан аз афзалиятҳои тиҷорати ҷаҳонӣ, такмили сохтори идораи давлатӣ оид ба равобити иқтисодии хориҷӣ, тайёр кардани мутахассисони баландихтисос дар соҳаи иқтисодиёт ва тиҷорати байналмилалӣ замина фароҳам омад.

Барои тақвият бахшидани мавқеи кишварамон дар арсаи байналмилалӣ дар ҳисоботи “Пешбурди тиҷорат”-и Бонки ҷаҳонӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор қабул гардиданд. Бо ҷаҳду талошҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии бахши хусусӣ аз соли 2009 то соли 2016 мавқеи Тоҷикистон дар ҳисоботи “Пешбурди тиҷорат” 32 зина боло рафта, дар ин давра кишвари мо чандин маротиба дар радифи 10-гонаи беҳтарин кишварҳои ислоҳотгар шомил шуд. Дар ин давра, ҷаҳон ду маротиба ба бӯҳрони молиявию иқтисодӣ дучор гардид. Барои ҳифзи иқтисоди миллӣ аз хавфи таъсири манфии ин бӯҳрон бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ чораву тадбирҳои амалӣ андешида шуданд.

Яке аз роҳҳои ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ воридоти технологияи муосир, ташкили ҷойҳои нави корӣ, истеҳсоли маҳсулоти баландсифат ва афзудани заминаи содироти мол - таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ мебошад. Минтақаҳои озоди иқтисодӣ яке аз шаклҳои ҳамкориҳои байналмилалии иқтисод ба ҳисоб рафта, имкон медиҳад, ки минтақаи алоҳида дар натиҷаи ҷалби сармояи хориҷӣ ва технологияи муосир ҷалби босуръатро таъмин намояд.

Ҳоло дар Тоҷикистон 4 минтақаи озоди иқтисодӣ ташкил дода шудааст, ки онҳо бо 66 ширкати хориҷию ватанӣ ҳамкориҳои иқтисодӣ доранд. Ҳаҷми сармояи мустақими азхудшуда дар минтақаҳои озоди кишварамон ба 671,5 млн. сомонӣ расида, дар давоми 5 соли охир ба маблағи 135,8 млн. сомонӣ истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва фаъолиятисодироту воридот анҷом дода шуд.

То ин давра, дар минтақаҳои озоди кишварамон ба маблағи беш аз 197,3 млн. сомонӣ маҳсулоти саноати хизматрасонӣ, аз ҷумла, дар минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” 194 млн. сомонӣ ва дар минтақаи озодии иқтисодии “Данғара” 3,3 млн. сомонӣ истеҳсол карда шуд.

Рушди муносибатҳои иқтисодии беруна ҳамчун яке аз омилҳои пешрафти иқтисодии кишвар дар маркази таваҷҷуҳи Пешвои миллат қарор дошта, он яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

бознашр аз китоби "Рисолати созанда ва бунёдкоронаи Пешвои миллат"


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ