​Эмомалӣ Раҳмон - поягузори сиёсати хориҷии Тоҷикистони соҳибистиқлол

Ҳавзаҳо ва самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро метавон бо итминони комил меъмор ва поягузори мактаби нав дар сиёсати хориҷӣ ва равобити байналхалқии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳисобид. Сарвари давлат дар суханронии худ дар Иҷлосияи ХVIII Шӯрои Олии Тоҷикистон 28-уми декабри соли 1993 бо назардошти манфиатҳои миллии Тоҷикистон, мавқеи геополитикӣ ва геостратегии он самтҳо ва ҳавзаҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро чунин муайян ва мушаххас намуданд:

Ҳавзаи якум – Иттиҳоди давлатҳои мустақил, ки бо вуҷуди душвориҳои солҳои аввали ташаккулаш ба сӯи таҳкими равобити ҳамаҷониба тамоюли ботинӣ дорад;

Ҳавзаи дуюм – Осиёи Марказӣ, ки кунун рӯ ба ҳамгироии иқтисодиву сиёсӣ дорад;

Ҳавзаи сеюм –Кишварҳои ҳамсояи форсизабон аст, ки ҳанӯз ба ягон иттиҳоди муштараки сиёсӣ ё иқтисодӣ нарасида бошанд ҳам онҳоро на фақат ҳамбастагии таърихӣ ва мазҳабию фарҳангӣ, балки дурнамои воқеии рушди миллӣ ба ҳам мепайвандад.

Ҳавзаи чорум – доираи нуфузи давлатҳои мусалмоннишини Шарқ аст, ки онҳоро на фақат ягонагии дину ойин ва суннатҳои рӯҳонӣ, балки имконот ва эҳтиёҷоти рушди миллӣ низ ба ҳам мепайвандад.

Ҳавзаи панҷум – ҷомеаи байналмилалӣ, ки ҳамбастагии зоҳириву ботиниаш беш аз пеш қувват мегирад ва ҳам оҳиставу пайваста ба сӯи тамаддуни воҳиди умумибашарӣ роҳ мепаймояд.

Суханронии мазкур роҳу усулҳои пешбурди сиёсати хориҷӣ ва самтҳои афзалиятнок ва дурнамои онро муайян намуд.

Тоҷикистон узви Созмони милали муттаҳид ва дигар ташкилотҳои байналхалқӣ. Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол 26-уми феврали соли 1992 иштирокчии Созмони амният ва Аврупо ва 2-юми марти соли 1992 дар иҷлосияи 46-уми Ассамблеяи генералӣ ба узвияти Созмони милали муттаҳид пазируфта шуд.

Санаи 30-юми сентябри соли 1993 дар суханронии нахустини худ ба ҳайси Сарвари давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон аз минбари Созмони Милали Муттаҳид дар Иҷлосияи 48-уми Маҷмааи умумии ин созмон Эмомалӣ Раҳмон нақшаҳои бунёдкорона, ҳадафҳои сулҳҷӯёна ва азму ниятҳои неки давлати тозаистиқлоли Тоҷикистонро чун субъекти комилҳуқуқи ҷомеаи байналмилалӣ ба тамоми ҷаҳониён муаррифӣ намуд.

Заминаи ҳуқуқии сиёсати хориҷии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи шартномаҳои байналмилалӣ” (1999, таҳрири нав 2016), Консепсияи сиёсати хориҷии Тоҷикистон (2002, таҳрири нав 2015), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати дипломатӣ” (2014), Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини татбиқи сиёсати ягонаи хориҷӣ” (2015) ва дигар санадҳо гардиданд.

Консепсияи нави сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2015 санади асосии муайянкунандаи сиёсати хориҷии кишвар маҳсуб мешавад ва дар он таъкид мегардад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи салоҳияти Конститутсионии худ самтҳои асосии сиёсати хориҷии кишварро муайян намуда, чун Сарвари давлат Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар муносибатҳои байналмилалӣ намояндагӣ мекунад.

Эътироф ва муносибатҳои дипломатӣ бо кишварҳои хориҷӣ. Имрӯз Тоҷикистон бо аксарияти кишвари ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, 161 давлат истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро расман эътироф кардааст ва дар беш аз 30 давлати дунё сафоратхона ва консулгариҳои худро дорад. Тоҷикистон ба бештар аз 350 санади байналмилалӣ, ба мисли Конвенсияҳо, Хартияҳо ва Эъломияҳои байналмилалӣ аъзо шуда, ӯҳдадориҳои худро дар мавриди расидан ба ҳадафҳои ҷаҳонӣ, аз қабили рушди иҷтимоӣ, беҳбуди вазъи иқтисодӣ, ҳифзи муҳити зист ва амсоли он иҷро менамояд.

Эмомалӣ Раҳмон муаллифи чор ташаббуси бузурганд, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ амалӣ шуда ва мешаванд: «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», «Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт, 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013» ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028».

Санаи 20-уми сентябри соли 2010 Маҷлиси умумии сатҳи олии Маҷмааи умумии СММ бахшида ба масъалаҳои Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола муовини Дабири Кулли СММ Ша Тсу Кам чунин изҳор намуда буд: “Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Чемпиони ҷаҳон дар ҳалли масоили вобаста ба об мебошад.”

Тоҷикистон узви 51 созмони бонуфузи байналмилалӣ, минтақавӣ аз ҷумла, Конфронси исломӣ (1.12.1992), узви СММ оид ба масъалаҳои маориф , илм ва фарҳанг – ЮНЕСКО (6.04.1993), Созмони Умумиҷаҳонии тандурустӣ (04.1993), Бонки байналхалқии таҷдид ва рушд (27.04.1993), Хазинаи байналхалқии асъор (06.1993), Созмони байналхалқии меҳнат (26.11.1993), Бонки исломии рушд (11.1996), Бонки Осиёгии рушд (20.02.1998), Ҷомеаи иқтисодии Евроосиё – октябри 2000-ум, Созмони ҳамкории Шанхай (15.06.2001) ва ғайра мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон Пешвои тоҷикони ҷаҳон. Соли 1989 ба хотири пайванди бештари ҳамватанону ҳамзабонони бурунмарзӣ Анҷумани “Пайванд” созмони мустақили байналхалқӣ таъсис ёфт ва аз соли 1991 фаъолияти худро оғоз намуд. Моҳи декабри соли 1993 дар Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон “Пайванд” Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Раиси ин Анҷуман интихоб гардиданд. Ҳадафи аслии ин Анҷуман ба ҳам пайвастани ҳамтаборони форсизабон аст.

Пешвои миллат ба ҳайси Раиси Анҷумани “Пайванд” дар амри таҳкими робитаҳои гуногунҷабҳаи тоҷикони бурунмарзӣ ва мардуми форсизабон саҳми шоиста доранд.

Тамоми андешаҳои дар боло зикршударо оид ба кору пайкори Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори барҷастаи даврони муосир ҷамъбаст намоем, онро метавон бо чанд нуктаи зер баён намуд:

Якум. Эмомалӣ Раҳмон воқеан чеҳраи маъруфи сиёсии сатҳи ҷаҳонӣ ва сиёсатмадори барҷастаи даврони нав буда, соҳиби ақлу фаросат, дониши истеъдоди нодири фитрӣ, модарзодӣ аст, ки ин файзу эҳсон ва баракоту атои Илоҳист, ё ба истилоҳи дигар ӯ сиёсатмадори Худодод аст.

Дуюм. Эмомалӣ Раҳмон дорои азму ғайрат, кӯшишу талошҳои пайгирона, собитқадамона, ҳадафрас дар роҳи пиёдасозии мақсаду мароми худ мебошад, ки ин зода ва парвардаи ҳавсала ва завқу салиқаи хос ва усулу кору пайкори ӯ чун сиёсатмадори нодир аст.

Сеюм. Эмомалӣ Раҳмон дорои ҷасорат, далерӣ, матонат, фидокорӣ, устуворӣ дар масъалаҳои калидӣ ва усулии (принсипиалии) давлатдорӣ аст, ки ин хислатҳо ва сифатҳо маҳсули зода, парвардаи шахсияти иҷтимоӣ ё фардӣ шуда метавонад.

Агар ба корнома ва муҳимтарин тасмимҳои Пешвои миллат ҳамчун сиёсатмадори барҷаста аз назари таҳқиқ нигарем метавон ба чунин натиҷагирӣ расид:

А) Хотима бахшидан ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, барқарор кардани сулҳу ваҳдат, оромӣ ва субот дар ҷомеа, мактаби сулҳофарии Эмомалӣ Раҳмон чун падидаи нодир дар байни сиёсатшиносон, таҳлилгарон, ҷомеашиносон, низоъшиносон мавриди омӯзиш ва ибрат қарор дорад;

Б) Тақвияти пояҳо ва рукнҳои асосии давлатдории миллӣ, барқарорсозии сохторҳо ва ниҳодҳои Ҳукумат, шохаҳои ҳокимияти сиёсӣ, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, қонуният, адолат ва тартиботи ҳуқуқӣ дар мамлакат;

В) Ислоҳоти конститутсионӣ, низоми ҳуқуқӣ, таҳия ва қабули конститутсияи нави Тоҷикистон соҳибистиқлол, рушди парламентаризм, иқдом ва ташаббус дар самти эҷод ва қабули қонунҳои нав ва миллӣ;

Г) Иқдом ва ташаббусҳо дар самти ҳалли масъалаҳои умумибашарӣ (глобалӣ) оид ба об, дипломатияи об ва ҷонибдории он аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ташаббус дар ҳалли қазияи Афғонистон;

Д) Таъмини рушди устувори ҷомеа, пешрафти иқтисодиёт, боло рафтани сатҳи зиндагии мардум ва коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ;

Е) Таъмини амният ва истиқлолияти энергетикии кишвар, аз байн рафтани маҳдудиятҳо дар таъмини барқ;

Ё) Аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо додан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон;

Ж) Таъмини амнияти озуқавории мамлакат, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти хушсифати ватанӣ ва молҳои ниёзи мардум;

З) Иқдом ва ташаббус оид ба аз кишвари аграрӣ-саноатӣ ба мамлакати саноатӣ-аграрӣ табдил додани Тоҷикистон ва роҳ ба сӯи рушди босуръати саноат;

И) Таҳкими ғоя ва андешаи миллӣ, худшиносӣ, худогоҳӣ, ҳофизаи таърихӣ, ҳувияти миллӣ, ваандӯстии мардум, эҳёи мерос ва суннатҳои таърихию фарҳангӣ, арҷгузорӣ ба гузаштаи пурифтихор ва шахсиятҳои бузурги таърихӣ;

К) Поягузории сиёсати муваффақонаи хориҷӣ, муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар арсаи баналхалқӣ, сиёсати дарҳои кушод, ҳамкории мутақобилан судманд бо кишварҳои ҷаҳон бар пояи баробарӣ, бародарӣ, дӯстӣ ва дахолат накардан ба корҳои дохилии якдигар;

Л) Таҳкими робитаҳои таърихӣ, фарҳангӣ, забонии ҳамватанони бурунмарзӣ ва форсизабонони ҷаҳон.

Аз китоби "Рисолати созанда ва бунёдкоронаи Пешвои миллат"

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ