​Эмомалӣ Раҳмон-Пешвои маорифпарвар

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров “Даҳрӯзаи омӯзиши пайкору осори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” эълон гардид.

Моро зарур аст, ки мутобиқи талабот ва меъёрҳои оинномавии худ фаъолият намуда, ба рушди сиёсати давлатии соҳаи маориф ва беҳтар намудани сатҳу сифат ва касби донишҳои замони муосири донишҷӯён саъю талоши худро аз ҳар вақта дигар дида, бештар созем.

Аз рӯзи аввали ба арсаи сиёсат қадам ниҳодани Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маорифро самти афзалиятноки сиёсати давлату ҳукумат эълон карда, дар таҳким ва рушди он саҳми арзанда гузоштанд, ки инро мардуми кишвар эътироф ва эҳтиром мекунанд. Маҳз таваҷҷӯҳ ва ғамхориҳои Сарвари давлат аст, ки таълиму тарбия дар ҳама зинаи таҳсилот ба низоми муайян даромад, санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ба тасвиб расиданд, стандарту барномаҳои таълимӣ таҳияву таълиф, китобҳои дарсӣ нашр гардиданд. {амчунин, сохтмони муассисаҳои таълимӣ дар кишвар бо ташаббуси Пешвои миллат вусъати тоза пайдо кард.

Сарвари давлат зимни ироаи Паёми навбатии худ, барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани фаъолият ва таҳкими низоми маориф таъкид карданд: «Бо вуҷуди он ки раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст, зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ, таваҷҷӯҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.» Яке аз нуктаҳои басо муҳими Паёми навбатии Пешвои миллат барои боз ҳам баланд намудани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиатшиносӣ, технологияи иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, русиву англисӣ буд, ки мавриди таваҷҷӯҳи хоса қарор гирифт.

Бояд гуфт, ки низоми маориф муҳимтарин рукни иҷтимоӣ-фарҳангии рушди ҷомеа маҳсуб ёфта, тамоми табақаҳову қишрҳои мухталифи аҳолӣ ба низоми омӯзиш ниёз доранд. Аз ин ҷост, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ таъкид доштанд: “Дар даврони соҳибистиқлолӣ мо бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва ҳукумати мамлакат қарор додем. Зеро мо чунин мешуморем, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф-сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад.”

Манзура АКИЛОВА, - сармуаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии забони русии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Fафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ