Экстремизм ва терроризм душмани инсон!
Дар замони муосир, ки пур хатарҳову таззод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, доир ба афзудан ва густариши экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарнок ҳарф задан ба маврид аст. Зеро замоне фаро расид, ки ҳар шахси соҳиби тафаккури солим бояд сари ин масъала андешаи солим ронда тавонад.
Дар назди омӯзгорон вазифаи пурмаҳсул ин ҳам бошад ташаккул додани тафаккури солими донишҷӯён аст. Ҷоиз ба қайд аст, ки эстремист шахсест дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ дорад. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон - дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд. Беҳуда дар Паёмҳояшон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша таъкид намекунад, аз ҷумла дар яке аз Паёмҳо омадааст: «Мутаассифона, дар олами ислом равияҳое низ арзи вуҷуд кардаанд, ки баъзе амалҳояшон ба фитнакориву тафриқаандозӣ равона гардидаанд. Ин ба моҳияти дини мубини ислом мухолиф аст ва ба он иснод меорад».
Такя ба гуфтаҳои Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ, Пешвои муаззами миллат, президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтан ҷоиз аст, ки маҳз бесаводию беандешагӣ ва ё сӯистифода аз дини ислом хоинони давлат ва шахсоне, ки оромии кишварро халалдор кардан мехоҳанд, ба амалҳои номатлуб даст мезананд. Ин ҳодисаҳоро бояд ҷавонони имрӯза дуруст таҳлил карда тавонанд. Дар назди онҳо вазифаи пурмаҳсул алалхусус ҳимояи ватан бо ҳама маъниаш қарор дорад. Хушбахтона имрӯз ҷавонони мо рӯз то рӯз зиракии сиёсӣ пайдо намуда, вобаста ба масъалаҳои экстремизм ва терроризм таҳлили дуруст доранд.
Файласуфи машҳури англис Антони Гидденс навишта буд, ки «мо акнун дар асри (замони) хатару таваккал (риск) зиндагӣ дорем».
Маҳз гуфтаҳои ин файласуфи номдор исбот месозад, ки замони ҷаҳонишавӣ аз ҳар як инсон бодиққатӣ ва зиракии сиёсиро талаб мекунад.
Экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳоест, ки дар дунёи имрўза вирди забони ҳама шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошад. Экстремизм (тундравӣ, аз андоза гузаштан) ба терроризм меорад. Истилоҳи «терроризм» (аз калимаи лотинии «tеrrоr») маншаъ гирифта, маъноаш «тарс ва ваҳм» аст. Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зўроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан, ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст, ки бояд ҳар як ҷавонони мо донанд.
Агар дар тўли беш аз 72 соли салтанати шўравӣ ҳамагӣ беш аз 30 шаҳрванди мо сафари ҳаҷро анҷом дода бошанд, дар давраи истиқлолият ҳазорон мусалмонони Тоҷикистон бо истифода аз ҳуқуқу озодиҳои худ ба мартабаи баланди ҳоҷигӣ расиданд, ки ин ҳам аз сиёсати одилонаи ҳукумати мамлакат дарак медиҳад.
Бо назардошти фикрҳои дар боло зикргардида, бояд мардум ва ҷавонон ҳамфикр бошанд, манфиатҳои умумимиллӣ, умумидавлатиро аз ғаразҳои ҳизбӣ, гурўҳӣ, мазҳабӣ, шахсӣ боло гузошта, ҷомеаро ба ихтилоф, ҷудоӣ ва хатару нооромӣ роҳ надиҳад.
Ҳотамова Муҳайё Ғафуровна-сармуаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа