​Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад

Таҳти ин ном дар факултети филологияи тоҷик ба муносибати Иди Ғалаба чорабинии илмӣ-адабӣ баргузор гардид.

Чорабинии мазкур бо ташаббуси кафедраи забони тоҷикӣ ба роҳ монда шуд.

Декани факултет Замира Ӯлмасова иштирокчиёни ҷамъомадро ба ифтихори Рӯзи Ғалаба табрик гуфта, аз нақшу саҳми ҷавонмардони асили тоҷик дар амри расидан ба зафар таъкид дошт.

Дотсенти факултети таърих ва ҳуқуқ Юлдошев Рустам дар бораи сабаб ва натиҷаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ибрози назар намуда, дар мавриди қаҳрамонию ҷоннисориҳои халқи тоҷик маърӯза намуд.

Перомуни талафот ва пайомадҳои ҷанг мудири кафедраи забони тоҷикӣ дотсент Мӯсо Олимҷонов баромад намуд.

Номбурда зикр дошт, ки мардуми Тоҷикистон ҳар сол Рӯзи ғалабаро бар фашизм ҳамчун як саҳифаи фоҷиабори таърихи асри гузаштаи худ ва ба хотири пос доштани диловариву шуҷоат ва ҷонбозиҳои фарзандони бонангу номуси Ватан ҷашн мегиранд.

Барномаи фарҳангӣ, саҳнаҳои намунавӣ ва пурмазмун ба чорабинӣ шукуҳи хос бахшид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ