Душманат гар мӯрча бошад .......!
Мардуми оқилу одили ватандӯсту худогоҳ доимо баҳри ҳифзи марзу бумикишвари маҳбуби худ омода асту ҳеҷ гоҳ андешаи ғасби замини ҳамсоягон намекунад. Чунин мардуми тамаддунофару фарҳангсолор мекӯшанд, ки ҳамеша мусолаҳа дар мадди аввал бошад, вале дар ҳолати зарурӣ дар ҷасорату шуҷоъ аз шери жаён болотар меистанд. Мутаассифона, на ҳар ҳамсоя ин нуқтаро дарк карда метавонаду кирдору рафтори беақлонаро ба худ эб мебинад. Вазъи байни сарҳадоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон нишонаи ду тарзи муносибати мухолифи якдигар мебошад, ки мардумро нороҳату ноором месозад. Гарчанде, ки ҳаммарзии кишварҳои номбурда тӯлонӣ асту қариб 1000 километрро дар бар мегирад, муноқишаю тафриқи андоза дар минтақаи Ворухи шаҳри Исфара нисбатан муташшаниҷ боқӣ мемонад.
Дар урфият мегӯянд, ки “нонкӯр касест, ки қадри обу нон намедонад”! Замоне, тоҷикон қитъаи муайяни заминҳои худро ба хотири ҳамсоягӣ ба қирғизтаборон додаву дар бунёди иморату хонаҳокӯмак кардаанд, шоистаи сипосгузориву қадрдонӣ мебошанд . Вале, тӯдаи иғвоангези дасисабоз ҳамаи хубиҳоро нодида гирифта талоши замин мекунанд? Магар бехабаранд, ки нонкӯрро ҷазо ҳам аз Офаридгору ва ҳам аз соҳибзаминон интизор аст? Охир, мо меҳанпарастему ватандӯст! Намегузорем, ки тӯдаи аблаҳон байни мардуми оддӣ тафриқаандозӣ кунанду холҳои сиёсӣ ба даст оваранд!
Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”