​Донишҷӯи донишгоҳ дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби медали биринҷӣ гашт

Дар асоси нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят ва федератсияи миллии гӯштингирии Тоҷикистон, рӯзҳои 18-20 декабри соли соли 2022 дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд мусобиқаи якумини байналмилалӣ оид ба гӯштин барои Дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маросими кушодашавии мусобиқаи байналмилалӣ роҳбарияти вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи байналмилалии гӯштингирӣ, намояндагони кишварҳои иштироккунанда, варзишгарону мураббиён, ҷавонон иштирок доштанд.

Дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 100 нафар варзишгарони кишварҳои Тоҷикистон, Арабистони Саудӣ, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҳиндустон, Федератсияи Россия, Узбекистон, Туркия, Қазоқистон, Беларус, Туркманистон, Гурҷистон қувваозмонӣ намуда, барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ талош намуданд.

Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ Фарзиншо Ҳусейнов донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ширкат варзида, аз рӯи вазни +95кг ҷои дуюмро соҳиб шуд.

Ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ аз дастовард Фарзиншо Ҳусейнов хушҳол буда, ин ғолибиятро барои варзишкори ҳирфаӣ табрик мегӯянд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ