​Донишҷӯи донишгоҳ - беҳтарин донандаи забони чинӣ дар соли 2021

Бо иштироки сардафтари институти Конфутсий дар шаҳри Пекин даври ниҳоии озмуни “Пули забони чинӣ” баргузор гардид. Дар озмуни мазкур донишҷӯи соли чоруми факултети забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Насруллоева Мӯниса иштирок намуда, дар байни донишҷӯёни давлатҳои Осиёи Миёна сазовори ҷойи сеюм гардид.

Бо ғолибият дар ин озмун донишҷӯи донишгоҳ Насруллоева Мӯниса ба рӯйхати 15 донишҷӯёни хориҷии донандаи забони чинии беҳтарин дар соли 2021 шомил гардид.

Хотиррасон менамоем, киозмуни мазкур давоми ду моҳ давом карда, дар он 70 ҳазор нафар иштирокчиён аз 101 давлати дунё иштирок намуданд. Мавриди зикр аст, ки Озмуни “Пули забони чинӣ” ҳар сол аз тарафи Институти Конфутсий дар зиёда аз 100 мамлакатҳои дунё гузаронида мешавад.

Гуфта мешавад, ки ин аввалин дастоварди донишҷӯёни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар озмуни мазкур мебошад.

P.s. Ҷомаеи меҳантии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Насруллоева Мӯнисаро ба муносибати ғолибият дар озмуни мазкур табрик гуфта, бо чунин дастовард ифтихор дорад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ