Донишҷӯёни шуъбаи фосилавӣ ба таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ ҷалб шуданд.

Ҳафтаи сипаригардида донишҷӯёни курси 3-и шуъбаи фосилавии факултети филологияи рус дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №1, №10, №14, №9, Гёте, Паймони азизони шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Б.Ғафуров таҷрибаомӯзии омӯзгории худро оғоз намуданд.

Дар рӯзи аввали таҷрибаомӯзӣ аз тарафи роҳбарони таҷрибаомӯзон доир ба “Вазифаҳои таҷрибаомӯзии педагогӣ”, “Ҳуҷҷатҳои таҷрибаомӯзии педагогӣ” корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, дар роҳи пурпечутобу пурмашаққати омӯзгорӣ барои таҷрибаомӯзон роҳи сафед, пур аз муваффақиятҳову музаффариятҳоро нисорашон карданд.

Таҷрибаомӯзӣ барои мо донишҷӯён барои дар оянда омӯзгор шудан як замимаест, ки он донишҳоиомӯхтаи хешро дар амал татбиқ намуда, роҳҳои дурусти муошират бо хонандагонро меомӯзем. Ҳамчунин аз назария ба амалия гузаштан гарчанде, ки моро ҳаяҷону як ҳиссиёти дигаре фаро гирифта истода бошад ҳам, таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ бароям муҳим аст – изҳор доштанд таҷрибаомӯзон.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ