​Донишҷӯёни фаъол ҷиҳати иштирок дар «Ҳафтаи худидоракунӣ» роҳхат гирифтанд

Ҷиҳати ҷалби донишҷӯён ба ҳафтаи худидоракунӣ дар толори раёсати донишгоҳ озмун гузаронида шуд. Дар ин бора Хайёмиддин Исмоилов, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ иттилоъ дод. Бино ба таъкиди ӯ, иқдоми мазкур бо мақсади татбиқи Қарори Раиси вилояти Суғд ва фармоиши ректори донишгоҳ оид ба «Ҳафтаи иштироки донишҷӯён дар идоракунии раёсату шуъбаҳо ва факултетҳои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» роҳандозӣ гардид.

Бахтиёр Шомирзоев, мудири шуъбаи тарбияи донишгоҳ доир ба таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ҷавонон, шароити мусоид ва имконоту имтиёзҳо ба намояндагони ин қишр сухан намуда, аз ҳадаф ва тартиби озмун донишҷӯёнро огоҳ намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳайати комиссияи озмун дар ҳайати мудири шуъбаи тарбия дотсент Бахтиёр Шомирзоев, мудири шуъбаи кор бо ҷавононХайёмиддин Исмоилов, ҷонишини сардори раёсати таълим дотсент Эҳсон Раҷабов, мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалӣГузал Мирсаминова, мутахассиси пешбари раёсати илм ва инноватсия Барноҷон Бобоева таъсис ёфта, аз ҷониби онҳо дараҷаи маълумотнокӣ ва дониши тахассусӣ, маърифати сиёсию ҳуқуқӣ ва сатҳи забондонии донишҷӯён санҷида шуд.

Дар маҷмуъ, дар озмун наздик 100 нафар донишҷӯёни фаъолу болаёқат иштирок намуда, беҳтаринҳо барои иштирок дар ҳафтаи худидоракунӣ роҳхат гирифтанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ