​Донишҷӯён таҷриба меомӯзанд

Донишҷӯёни соли чоруми ихтисоси химия дар доираи таҷрибаомӯзии худ дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №23 воқеъ дар шаҳри Хуҷанд ба муносибати Рӯзи Рӯдакӣ чорабинӣ доир намуданд. Ба ин ташаббус хонандагони синфи 9-уми муассисаи болозикр ҷалб гардиданд.

Дар доираи ин иқдом аз ҷониби хонандагон шеърҳо қироат гардида, саҳнаҳо ба намоиш гузошта шуд.

Хотиррасон менамоем, ки таҷрибаомӯзон бо роҳбари методист Ҳакимхоҷаев Сироҷиддин давоми як ҳафта таҷриба андӯхта, донишҳои назариявии худро дар амал татбиқ намуданд.


Маркази иттилоот ва таҳлил




МАРКАЗИ ИТТИЛООТ