Донишҷӯён пайдоиши динро баррасӣ намуданд

Донишҷӯёни соли якуми факултети забонҳои шарқ дар доираи дарси диншиносӣ заминаҳои пайдоиши динро баррасӣ карданд. Мавзӯи дарси навбатӣ “Нуктаҳои назарҳои асосӣ доир ба пайдоиши дин” унвон дошт.

Ба донишҷӯён аз ҷониби омӯзгор пайдоиши дин фаҳмонида шуда, нуктаҳои назарҳои асосии олимону муҳаққиқон марбут ба мавзӯи мавриди назар ба донишҷӯён шарҳ дода шуд.

Дарс бо истифода аз технологияҳои муосир гузаронида шуда, дар он аз усулҳои муосири таълим ба кор бурда шуд.

Ба донишҷӯён иттилоъ дода шуд, ки сари масъалаи пайдоиши динҳо баҳсу мунозираҳои зиёде дар илмҳои диншиносӣ, фарҳангшиносӣ, инсоншиносӣ, таърих, фалсафа ва ғайраҳо анҷом гирифтааст.

Зикр гардид, ки мувофиқи маълумоти тозатарини илмӣ таърихи мавҷудияти инсон дар рўи Замин наздик ба 3-2,5 млн. сол пеш муайян шудааст. Вале давраи диндории одамон як ҳиссаи ночизи ин таърихи тўлониро ташкил мекунад. Олимон ба иттифоқи назар аксарият, пайдоиши динҳоро ҳадди аксар ҳудуди 40-25 ҳазор сол пеш аз ин давраи палеолити поёнӣ муайян кардаанд.

Ҳамзамон, перомуни масъалаҳои болозикр миёни донишҷӯён суолу ҷавоб гузаронида шуда, табодули афкор сурат гирифт.

Хотиррасон менамоем, ки бо ташаббуси кафедраи сиёсатшиносӣ ҷиҳати дар сатҳи арзанда гузаронидани дарсҳои диншиносӣ ва сиёсатшиносӣ аз тамоми имкониятҳо истифода шуда, аз усулҳои фаъолу муосири таълим ба таври васеъ ба кор бурда мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ