​Донишҷӯён бо нозукиҳои таҳияи барномаи телевизионӣ шинос шуданд

Ин навбат дарси амалии фанни “Web - журналистика ва шабакаҳои иҷтимоӣ” ба мавзӯи “Тарзи таҳияи барномаҳо дар шабакаҳои телевизионӣ” бахшида шуд.

Сармуаллими кафедраи иттилоот ва технологияҳои робитавӣ Шаҳноза Зарипова барои донишҷӯёни соли дуюм мавзуъҳро шарҳ дода, нозукиҳои кор бо камера ва этикаи касбии рӯзноманигорро зимни таҳияи барномаи телевизионӣ фаҳмонид.

Дар доираи ин иқдом ба донишҷӯён намунаи барномаҳои муваффақи телевизионӣ намоиш дода шуда, усулҳои ҷолиб ва муосиртари таҳияи барномаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тарзи кор бо камера, ороиш ва омодакунии студия, нутқи нотиқони ахбор, нишаст, этикаи хондани паси кадр, сабти барнома тариқи телефон ва дастгоҳи наворбардорӣ аз мавзуъҳои дигари дарс буданд, ки муҳокима ва аз ҷониби донишҷӯён таҷриба низ шуданд.

Ҳадаф аз ин иқдом таҳкими маҳорати эҷодии донишҷӯён, баланд бардоштани сатҳи дониши техникӣ ва татбиқи донишҳои назарии ҷавонон унвон мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ