​Донишҷӯён аз Осорхонаи вилоятӣ дидан намуданд

Бо ташаббуси шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ як қатор донишҷӯёни факултетҳо аз Осорхонаи вилоятӣ дидан намуданд. Ин иқдом ба муносибати Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо ба роҳ монда шуд.

Ҳадаф аз ин ташаббус таҳкими сатҳи маълумотнокии донишҷӯён унвон мешавад.

Маврид ба зикр аст, ки шуруъ аз соли 1977 ҳамасола 18 май ҳамчун Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо эълон гардида, ҳамакнун ин ҷашнро беш аз 150 давлати ҷаҳон таҷлил мекунанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ