​Донишҷӯён аз фанни педагогика дар олимпиада сабқат намуданд

Бо мақсади дарёфти донишҷӯёни соҳибистеъдоду болаёқат ва ҷалби онҳо ба корҳои илмӣ – тадқиқотӣ аз тарафи масъулини факултети таҳсилоти ибтидоӣва педагогикаи махсус, инчунин ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи умумӣ олимпиадаи фанни педагогика баргузор гардид.

Барои иштирок дар олимпиадаи мазкур 42 нафар донишҷӯён номнависгардида, беҳтаринҳо ба даври дуюм роҳхат гирифтанд.

Хотиррасон мекунем, ки феълан дар тамоми факултетҳои донишгоҳ даври аввали олимпиадаҳои фаннӣ идома дорад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ