​Донишҷӯ ва технологияи иттилоотӣ


Таҳти ин унвон дар кафедраи умумидонишгоҳиии информатика бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2020 - 2040 - “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” маҳфили илмӣ-амалӣ бо иштироки васеи устодону донишҷӯён ташкил ва баргузор гардид.

Мудири кафедра, дотсент Ҳусейнбой Аҳмедов ба кори маҳфил ҳусни ифтитоҳ бахшида, аз ҳадафҳои маҳфил ёдовар шуд. Сипас, байни донишҷӯён озмуназрўи 3 шарт, истифодаи тахтаи интерактивӣ White board дар машғулиятҳои информатика, кор бо филворд ва дохил намудани матн дар барномаи виросторони коркарди матнӣ бо иштироки ҳайати комиссия ҷараён гирифт, ки донишҷўён бо лаёқати баланд шартҳо иҷро намуданд. Ҳайати комиссия барои шаффоф гузаштани маҳфил баъди иҷрои ҳар як бахш ба иштирокчиён баҳогузорӣ менамуданд.

Аз рӯи иҷрои шартҳои озмун ва баҳогузории комиссия ҷойи якум сазовори донишҷўи факултети забонҳои хориҷӣБақоева Азиза, ҷойи дуюм Ашӯров Ҷавоҳир ва ниҳоят зинаи сеюм насиби Топилов Фаррух гардид.

Дотсент Ҳ. Аҳмедов ба ғолибони маҳфил ифтихорномаҳои раёсати донишгоҳро тақдим намуда, қайд кард, ки барои бедор намудани шавқу рағбати донишҷўён нисбат ба омўзиши фанҳои дақиқ минбаъд низ дар дигар факултетҳои донишгоҳ маҳфил роҳандозӣ карда мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ