​Донандаи беҳтарини фарҳанги Чин

Таҳти ин унвон дар факултети забонҳои шарқ озмун гузаронида шуд. Озмуни мазкур бо иқдоми кафедраи забонҳои форсӣ ва хитойӣ ба роҳ монда шуда, ташаббускори он муаллими кафедра Янг Десия гуфта мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар озмун донишҷӯёни курсҳои 3 иштирок намуда, байни ҳам маҳорату дониши худро санҷиданд.

Дар доираи озмун донишҷӯён ба 10 гурӯҳ тақсим шуда, аз рӯйи ду шарт: саволҳои тестӣ ва шифоҳӣ бо ҳам мусобиқа карданд.

Ҷараёни озмунро декани факултет дотсент Раҳимов Ислом, мудири кафедраи забонҳои форсӣ ва хитойӣ дотсент Қосимова Марҳабо ва як қатор муаллимони кафедра назорат намуда, дониши иштирокчиёнро оид ба фарҳанги Чин баррасӣ карданд.

Дар ҷамъбаст ғолибон бо ифтихорномаҳо мукофотонида шуданд. Барои иштирокчиёни фаъол мукофотҳои пулӣ низ супорида шуд.

Дар фарҷом мудири кафедраи забонҳои форсӣ ва хитойӣ дотсент Қосимова Марҳабо ба ташаббускорони озмун изҳори сипос намуда, донишҷӯёнро барои таҳкими сатҳи дониш ва маълумотнокӣ даъват намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ