​“Докторанти сол – 2021” муайян ва қадршиносӣ шуданд

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баргузории озмуни “Докторанти сол” ба ҳукми анъана даромадааст, ки ҳадаф аз он дастгирии ҷавонон дар самти илм ва таъмини шароити мусоид ҷиҳати таҳкими фаъолияти илмӣ унвон мешавад.

Имсол низ озмуни мазкур доир гардида, беҳтаринҳо дар бахши илмҳои дақиқ ва гуманитарӣ “Докторанти сол – 2021” эълон шуданд.

Аз ҷумла, дар бахши илмҳои дақиқ се ҷойи аввалро докторантони донишгоҳ - Сангинов Мирзосодиқ, докторанти соли сеюми ихтисоси геоэкология, Негматов Шукруллохон, докторанти соли сеюми ихтисоси иқтисодӣ ва Бобоҷонова Зиннатҷон, докторанти соли сеюми ихтисоси химия соҳиб шуданд.

Мақоми ифтихориро дар бахши илмҳои гуманитарӣ бошад, Холматова Хуршеда, докторанти соли дуюми ихтисоси забоншиносӣ, Низомова Саидахон, докторанти соли сеюми ихтисоси шарқшиносӣ ва Абдуҷабборов Сарҳадҷон, докторанти соли сеюми ихтисоси забоншиносӣ сазовор гардиданд.

Ба ғолибони озмуни “Докторанти сол – 2021” аз ҷониби ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом диплом ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми то 1200 сомонӣ супорида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ