​Дизайни муҳити атроф

Дар факултети санъати тасвирӣ ва технология дарси кушоди сатҳи донишгоҳии муаллими калони кафедраи нақшакашӣ, геометрияи тасвирӣ ва методикаи таълим Яҳъёев Фарҳод доир шуд.

Дарси кушод аз фанни “Дизайни муҳити атроф ” барои гурӯҳи 202 дар мавзӯи “Тартиб додани лоиҳаи дизайни ландшафти шаҳри ояндаи ман” гузаронида шуд.

Дар дарси кушод декани факултет, муовинони декан ва омӯзгорони кафедра иштирок намуданд.

Дарси кушод дар сатҳи баланд ташкил шуда, дар доираи он аз усули фаъоли таълим ва воситаҳои муосири техникӣ истифода шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ