​ДДХ: Таҷлил аз Рӯзи илми тоҷик

Имрӯз дар Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ ба муносибати Рӯзи илми тоҷик ҷамъбасти дастовардҳои илмии устодон, олимони ҷавон, докторантон, магистрантону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров натиҷагирӣ гардид.

Дар оғоз меҳмонон аз намоиши дастовардҳои илмии кафедраву факултетҳои донишгоҳ дидан намуданд.

Дар қисми ифтитоҳии чорабинӣ ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб иштирокчиёнро ба муносибати ҷамъбасти сазовори ҳафтаи конференсияҳои илмии устодон, олимони ҷавон ва магистрантону донишҷўён, ки ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30-солагии иҷлосияи XV1 Шўрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 солагии имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, 90-солагии Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ва Рўзи илми тоҷик табрик гуфт.

Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд профессор Тоҷибой Султонӣ ба сухан баромада, номаи табрикоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи иштирокдорон расонд. Мавсуф иброз дошт, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҳамчун боргоҳи илму маърифат ва маскани таълими наслҳои созандаву мутахассисони ҷавобгўи талаботи замон дар пешрафту инкишофи маънавии мамлакатамон нақши арзанда дорад.

Ректори донишгоҳ зикр дошт, ки воқеан, ҳам пас аз истиқлолияти давлатӣ ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи илму маориф ҳамчун таҷассумгари симои маънавии халқ, муттаҳидкунандаи нерӯҳои зеҳнӣ, ақлонӣ, баёнгари таърихи гузаштаву муосир, ойину анъана, дигар муқаддасоти миллӣ таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамояд. Ҳамин буд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар суханрониҳояшон роҷеъ ба масъалаҳои мубрами илму маърифат дар соҳаи маориф таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамоянд.

Гуфта шуд, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо ҳадафи татбиқи сиёсати хирадмандонаву бунёдкоронаи сарвари давлатамон, ки ба ояндаи дурахшони кишвар хушбин ҳастанд, корҳои муайяну созандаеро амалӣ гардонида истодааст.

Дар идома ғолибони озмуни олими сол, мурабби сол, куратори беҳтарин, кафедраи беҳтарин ва дигар номинаҳо ҷамъбаст гардида ғолибон бо диплому ифтихорнома ва сипосномаву туҳфаҳои моддӣ қадршиносӣ гардиданд. Дар умум аз тарафи роҳбарияти донишгоҳ ба 400 нафар омўзгори муваффақ, олимони ҷавон, докторантон, магистрантон, донишҷӯён ва кормандоне, ки дар рушди соҳаи илму маориф нақши назаррас гузоштаанд, бахшида ба Рўзи илми тоҷик бо диплом, ифтихорнома ва сипосномаи раёсати донишгоҳ қард карда шуданд.

Барномаи фарҳангӣ пешкаш гардида, ба руҳияи идонаву болидаи аҳли иштирокдорон ҳусни анҷом пазируфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ