​ДДХ: Шомили сегонаи беҳтарин дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ

Имрӯз, 17 майи соли 2023 дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ҷамъбаст гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки дар даври ҷумҳуриявии олимпиада зиёда аз 400 нафар донишҷӯ аз 39 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ иштирок намуда, аз рӯйи 14 фанни таълимӣ байни ҳам сабқат намуданд. Дар натиҷа, 36 нафар сазовори ҷойҳои 1-ум, 2-юм ва 3-юм гардида, ба 4 нафар иштирокчии фаъол “Ифтихорнома”-и Вазорати моариф ва илм тақдим гардид.

Ёдовар мешавем, ки дар ин сабқати илмӣ дар бахши фанҳои табиию риёзӣ донишҷӯйи факултети геоэкология ва туризм, Насимхонзода Маҳфуза ҷойи якум (таҳти роҳбарии дотсентон Турдиев Турдибой ва Саидова Дилором) ва донишҷӯйи факултети математика, Фозилов Умедҷон ҷойи дуюмро (роҳбар номзади илмҳои математика Ҷумаев Бӯстонбек ) ишғол намуданд.

Ҳамзамон аз рӯйи натиҷаҳои даставӣ дар бахши фанҳои табиию риёзӣ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров сазовори ҷойи сеюм гардида, бо “Ифтихорнома” ва туҳфаҳои хотиравии Вазорати маориф ва илм сарфароз гардонида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ