ДДХ: Соҳиби ҷоизаи фаъолтарин шуъбаи кор бо ҷавонон

Дирӯз дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон ва ҳавасманднамоии ғолибони озмунҳои соҳавии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 баргузор гардид.

Дар маросими ҷамъбасти соҳаи кор бо ҷавонон як қатор ҷавонони фаъолу ташаббускор дар фазои тантанавӣ қадршиносӣ карда шуданд.

Аз ҷумла шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи давлатии Хуҷандба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар номинаи «Беҳтарин шуъбаи кор бо ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар соли 2022» соҳиби ҷоиза гардид.

Ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳ ин ғолибиятро ба кормандони шуъба таҳният гуфта, барои ҳар кадоми онҳо, ки дар баланд бардоштани обруву эътибори Донишгоҳ саҳм мегузоранд, муваффақияти пайваста ва дастовардҳои шоистаро таманно доранд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ