​ДДХ: Рӯзи Парчам бошукуҳ таҷлил гардид

Таҳти унвони “Парчам – рамзи ватандорӣ ва нишони сарфарозии миллат” имрӯз, санаи 24 ноябри соли 2021 дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ баргузор гардид.

Профессор Ҷамшед Ҷӯразода, ректори донишгоҳ ҳозиринро ба муносибати ин ҷашни миллӣ табрик гуфта, аз нақшу мақоми Парчами давлатӣ дар раванди давлатдорӣ таъкид дошт.

Мавсуф зикр намуд, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рукнҳои асосии муқаддасоти миллӣ буда, баёнгари ҳаёти осоишта, бахту иқболи сафед, мояи умед ба ояндаи нек мебошад.

Гуфта шуд, ки Парчам дар қатори дигар муқаддасоти миллӣ рамзи давлату давлатдорӣ, нангу номуси миллӣ ба ҳисоб рафта, мазмуну муҳтавояш низ ифодакунандаи хусусиятҳои хоси миллист.


“Парчам ифодагари устувории давлати соҳибистиқлол, нишонаи ҷоннисории фарзандони содиқи Ватан барои озодӣ ва намунаи заҳмати созандаву ободкорӣ ба хотири ободии кишвар мебошад. Парчами давлатии Тоҷикистон таърихан ҳамқадами даврони соҳибистиқлолист ва тамоми дастоварду комёбиҳо, воқеаҳои хотирмони таърихии ин марҳила зери ҳамин ливои бахту саодат иттифоқ афтодааст” – афзуд ректори донишгоҳ.

Профессор Ҷамшед Ҷӯразода ҳини суханронӣ ба нерӯи мутаҳҳидсози Парчам махсус таъкид намуда, яке аз нақшҳои муҳимму барҷастаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки рамзи нангу номус, худогоҳиву ватандӯстист, баҳамории мардум унвон кард:

  • Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун нерӯи муттаҳидсоз рисолати волоеро ба сомон расонидааст. Агар ба таърихи беш аз 30-солаи даврони соҳибистиқлолӣ назар афканем, мардум зери ҳамин ливо ба ҳам омада, ба ваҳдату оромӣ, ки асоси тамоми пешрафту комёбӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолист, даст ёфтанд. Ва имрӯз низ ин муқаддасоти миллӣ илҳомбахши халқи меҳанпарасту меҳнатшиор дар ҷодаи созандагӣ буда, дар фазои суботу оромӣ, рушду тараққиёти кишвар партавафшонӣ мекунад.

Дар идомаи чорабинӣ роҳбарияти донишгоҳ як қатор донишҷӯёни донишгоҳро, ки дар озмунҳои сатҳи ҷумҳурӣ ғолибият ба даст оварда, нуфузи донишгоҳро баланд бардоштаанд, қадршиносӣ намуд.

Аз ҷумла, ғолибони озмунҳои давари ҷумҳуриявии “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” ва “Илм - фурӯғи маърифат” бо 5 ҳазор сомонӣ ва роҳбарони онҳо аз 500 то 5 ҳазор сомонӣ қадр шуданд.

Хотиррасон менамоем, ки ҳафтаи гузашта донишҷӯи факултети санъати донишгоҳ Гулноза Ғаффорӣ аз рӯи номинаи сарояндагии анъанавӣ ба гирифтани Шоҳҷоизаи озмуни “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” сазовор гардида, донишҷӯи соли сеюми факултети геоэкология Басир Нуров дар номинаи география дар озмуни ҷумҳуриявии “Илм -фурӯғи маърифат” мақоми ифтихории дуюмро соҳиб гардиданд, ки барои ҷомеаи донишгоҳ дастоварди арзишаманд маҳсуб меёбад.

Ҳамзамон, барномаи фарҳангӣ манзури иштирокчиён гардид, ки ба чорабинӣ ҳусн ва мазмуни бештар эҳдо намуд.

Хотиррасон менамоем, ки дар донишгоҳ ҷиҳати сазовор таҷлил намудани Рӯзи Парчами давлатӣ силсилаи чорабиниҳои мухталиф идома дорад, ки ташкили чорабинии имрӯза аз зумраи чунин ташаббусҳост.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ