ДДХ: Робитаҳои байналмилалӣ тақвият меёбанд

Дирӯз мулоқоти ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, профессор Усмонзода Аюб Исломбо директори барномаҳои Институти “Ҷамъияти Кушода” Бунёди Мадади Тоҷикистон,доктор Назархудо Дастамбуев ва ҳамоҳангсози барномаҳои таҳсилотии Институтиномбурда Манучеҳр Камолиддинов баррузор гардид. Зимни вохӯрӣ масъалаи ҳамкории донишгоҳ бо барномаҳои Институти“Ҷамъияти Кушодаи” Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ва рафти иҷроиши лоиҳаи “Тафаккури интиқодӣ: муаммо ва ҷустуҷӯ”, ки дар донишгоҳ амалӣ мегардад, баррасӣ гардид.

Ректори донишгоҳпрофессор Усмонзода Аюб қайд намуд, ки кӯмаки амалии ин ташкилоти байналмиллалӣ ба донишгоҳ назаррас аст ва кормандони он ҳамеша барномаҳои грантии таҳсилотӣ, илмию тадқиқотиро ба донишгоҳ ирсол намуда, бевостиа онҳоро дар байни ҷомеаи донишгоҳ муаррифӣ менамоянд. Ҳамчунин, гуфта шуд, ки дар оянда чунин ҳамкориҳои донишгоҳ баҳри рушдитаҳсилоти олии касбӣ бо ин ташкилоти бонуфузибайналмилалӣ тақвият ёфта, барои рушди тафаккури интиқодии омӯзгорони ҷавони донишгоҳ бо дастгирии молиявии ташкилоти номбурда амалӣ хоҳанд шуд. Иттилоъ дода шуд, ки амалишавии лоиҳаи мазкур дар баланд бардоштани донишу малакаи омӯзгорон, ҳисси худшиносии миллию тафаккурӣ эҷодиионҳо таъсири муфид мерасонад. Аз ин рӯ тавассути ҷорӣ намудани барномаи тафаккури интиқодӣ дар ҷараёни таълим, баробари баланд бардоштани сифати таълим ва донишу малакаи донишҷӯён, ба арзишҳои муайяни тарбиявӣ низ ноил гардидан мумкин аст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ