​ДДХ: Мулоқоти намояндаи вазорат бо хатмкунандагони гурӯҳҳои буҷавӣ

Дар асоси фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 09.02.2022 таҳти рақами № 165 “Дар бораи тақсимоти мутахассисони ҷавон дар соли 2022” ва “Низомномаи тақсимот ва бо ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон” дар Муассисаи давлатии “Қасри ҷавонон ба номи Лоиқ Шералӣ” мулоқоти хатмкунадагони гуруӯҳҳои буҷавии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо намояндаи Вазорати маориф ва илм баргузор гардид.

Роҳбари донишгоҳ, профессор Усмонзода Аюб ҷаласаро оғоз намуда, аз мақсаду мароми вохӯрии имрӯза ёдовар шуд.

Баъдан, сармутахассиси раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати моариф ва илми Ҷумҳурии ТоҷикистонСадафмо Сафарзода оид ба ҷойи кор таъмин намудан ва имтиёзҳои мутахассисони ҷавон муфассал гуфта гузашт. Зикр гардид, ки тақсимот ва ба кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон, ки тариқи гурӯҳҳои буҷавӣ донишгоҳро хатм менамоянд, тибқи Низомнома ва дигар санадҳои меёърию ҳуҳуқии дахлдори соҳаи маориф ва илми кишвар ба роҳ монда мешавад.

Дар интиҳо як қатор устодони факултетҳои донишгоҳ барои фаъолияти пурсамар, саҳми арзанда дар густариши маърифати ҷавонон, омода намудани мутахассисони ҷавон ва ба ҷои кор таъмин намудани онҳобо Сипоснома сарфароз гардониди шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ