​ДДХ: Корҳои тарғиботӣ дар ноҳияи Ашт

Бо мақсади ҷалби довталабон ба ихтисосҳои МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров” барои соли таҳсили 2022-2023 ба ноҳияи Ашт сафари корӣ намуданд. Дар ҷараёни сафар устодони кафедраи системаҳои бисёршабакавии телекоммуникатсионии факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ бо роҳбарияти шуъбаи маорифи ноҳия мулоқот намуда, вазифа ва мақсади гуруҳи кориро баён доштанд. Дар ин асно устодонба 9 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳаҳои ноҳия ташриф оварда, бо хонандагони синфҳои 11оид баМаркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарту шароити таҳсилдар донишгоҳ, факултетҳову ихтисосҳои амалкунанда маълумоти муфассал доданд.

Зимни сӯҳбат хонандагон саволҳои худро пешниҳод намуда, аз ҷониби устодон ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ