​ДДХ: Конференсияи илмӣ-анъанавӣ бахшида ба Рӯзи илми тоҷик

14 апрели соли равон дар толори раёсати донишгоҳ қисми ифтитоҳии конференсияи илмӣ-анъанавии устодон, олимони ҷавон, докторантон, магистрантону донишҷӯён бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, 90-солагии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Рӯзи илми тоҷик баргузор гардид.

Муовини ректор оид ба таълим профессор Абдуфаттоҳ Раҳимов ба кори конференсия ҳусни ифтитоҳ бахшида, иштирокдоронро ба муносибати Рӯзи илми тоҷик таҳният гуфт. Мавсуф қайд намуд, ки Истиқлоли давлатӣ барои ташаккули тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла илму маориф шароити мусоид фароҳам овард. Ҳидоят ва раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи баланд бардоштани мақоми илм дар ҷомеа ва дастгирии аҳли илму маориф самара дода истодаанд. Маҳз бо шарофати сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат, давоми чанд сол аст, ки дар Тоҷикистон Рўзи илми тоҷик бо тантана ҷашн гирифта мешавад, ̶ афзуд профессор Абдуфаттоҳ Раҳимов.

Сипас, профессор Ваҳҳоб Набиев дар мавзуи “Иҷлосияи сарнавиштсоз сароғози истиқрори миллӣ ва сулҳи тоҷикон”, профессор Нуралӣ Нуров дар мавзуи “Адабиёти миллӣ ва шинохти фалсафаи ваҳдат” ва дотсет Мурод Собиров дар мавзуи “Бистсолаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар факултет ва кафедраҳои донишгоҳ бахшида ба Рӯзи илми тоҷик давоми ҳафта дар 180 бахш устодон олимони ҷавон, докторантон, магистрантону донишҷўён маърўзаҳо ироа хоҳанд намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ