​ДДХ: Иштирок устодон дар конференсияи байналмилалӣ

Бо ташаббуси Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд, Ҷумҳурии Ӯзбекистон моҳи апрели соли ҷорӣ конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Асосҳои лингводидактикӣ ва инноватсионии омӯзиши забонҳои хориҷӣ” дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Макасарскии Индонезия, Сафоратхонаи ИМА дар Ӯзбекистон ва Донишгоҳи омӯзгории Ярославскии Федератсияи Русия баргузор гардид.

Дар конференсияи мазкур намояндагони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Давлатзода Рухсора – муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, Сафар Эркаев – дотсенти кафедраи таърихи Ватан ва археология, Гузалхон Мирсаминова – мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва Ҷамшед Истамқулов – омӯзгори кафедраи фонетика ва лексикологияи факултети забонҳои хориҷии донишгоҳ ширкат варзиданд. Гуфта шуд, ки дар кори конференсия зиёда аз 200 маърӯза шунида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ