​ДДХ: ифтитоҳи ду маркази таълимии инноватсионӣ – рақамии бонкӣ

Дар факултети иқтисодии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар асоси шартномаи ҳамкорӣ бо корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” ва Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Тавҳидбонк” ду “Марказҳои таълимии инноватсионӣ – рақамии бонкӣ” ифтитоҳ гардид. Дар маросими ифтитоҳи марказҳои рақамии бонкӣ ректори Донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом, роҳбарияти “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” дар вилояти Суғд Саидшозода Хуршед ва намояндаи Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Тавҳидбонк” Зафарҷон Раҳмонов ва устодону донишҷӯён иштирок намуданд.

Зимни ифтититоҳи маркази мазкур профессор Усмонзода Аюб Ислом қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон борҳо дар баромадҳои худ қайд кардаанд, ки Системаи самарабахши бонкӣ шарти муҳимтарини рушди босуръати иқтисодӣ мебошад. Гуфта шуд, ки имрўз таҳаввулоти куллӣ дар низоми таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омадааст, ки минбаъд бидуни усулҳои инноватсионӣ таъмини сифати дилхоҳи таҳсилот имконнопазир мешавад. Истифодаи самараноки васоити муосири техникӣ дар баробари таъмини сифати таҳсилот барои идомаи таҳсили донишҷўён дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои дигар, воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳон ва татбиқи намудҳои гуногуни таҳсилот нақши муассир дорад. Бо назардошти чунин омилҳо, сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии тоҷикистон дар соҳаи маориф ба татбиқи стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи таҳсилот ва тайёр намудани мутахассисони касбии ҷавобгў ба талаботи бозори меҳнат нигаронида шудааст.

Ба ректори Донишгоҳ иттилоъ дода шуд, ки мақсади таъсиси марказҳои таълимии инноватсионӣ – рақамии бонкӣ, ин татбиқи сиёсати иқтисодӣ – молиявӣ, пулию - қарзӣ ва асъорӣ дар низоми бонкӣ маҳсуб меёбад. Ҳамзамон, таълими муҳимтарин фанҳои замонавӣ дар заминаи умумидавлатии низоми бонкӣ, татбиқи донишҳои назариявӣ дар амалияи фаъолияти низоми бонкӣ, барқарор намудани робитаҳои илмиву касбӣ бо муассисаҳои қарзӣ, бонкҳои тиҷоратӣ дар низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.

Ҳадафи дигари “Марказҳои таълимии инноватсионӣ – рақамии бонкӣ” тайёр кардани мутахассисони соҳибтахассус бо назардошти бозори меҳнат ва талаботи бозори бонкӣ ба ҳисоб рафта, имкон медиҳанд, ки донишҷўён бо мутахассони соҳаи бонкдорӣ дар заминаи технологияҳои инноватсионии иттилоотӣ бо ҳам дар шакли онлайн доим пайваст бошанд. Дар баробари ин, шароити баргузории онлайн лексия, вебинар, видеоконференсия, таҷрибаомўзиҳои таълимӣ ва дигар чорабинҳо бо иштироки намояндагони бонкҳо ва дигар ташкилотҳои қарзии ватанӣ фароҳам оварда шудааст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ