​ДДХ: Ғолибият дар даври ниҳоии маҳфили «Хушдилон ва ҳозирҷавобон»

Санаи 26-уми декабри соли равон дар Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ даври ниҳоии маҳфили «Хушдилон ва ҳозирҷавонбон»-и донишгоҳу донишкадаҳои олӣ ва коллеҷҳои ҳудуди вилояти Суғд аз рӯи 5 номинатсия ҷамъбаст гардид, ки дар он дастаҳои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ширкат варзиданд.

Дастаи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо маҳорати баланди ҳунари зарофатгӯӣ дар ҷамъбаст аз рӯи номинатсия “Шӯхи беҳтарин” ғолиби мутлақ ва сазовори Ҷоми маҳфили «Хушдилон ва ҳозирҷавонбон»-ро ба даст овард. Дастаҳои ДИСДДТТ дар шаҳри Хуҷанд ва ДДҲБСТ сазовори ҷойҳои дуюм ва сеюм гардиданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ