ДДХ ғолиби мусобиқаи варзишӣ аз рӯйи намуди волейбол байни донишҷӯдухтарони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии вилоят

Бо ташаббуси Ҳаркати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд санаҳои 16-17 феврали соли равон бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Модар мусобиқаи варзишӣ аз рӯйи намуди волейбол байни донишҷӯдухтарони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии вилоят баргузор гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки дар мусобиқа 8 даста байни ҳам, ҷиҳати ба даст овардани ҷоми мусобиқа рақобат намуданд.

Дастаи волейболбозони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо шикаст додани рақибон ва натиҷаҳои хуби варзишӣ ба даври финалӣ баромада, сазоври ҷои якум гардид.

Гуфта шуд, ки иқдоми мазкур бо мақсади оммавигардонии варзиш, баланд бардоштани сатҳи маҳорати варзишӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва тарзи ҳаёти солим ва ҳифзи солимии ҷавонон роҳандозӣ шуда, дар он донишҷӯдухтарони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии вилояти Суғд байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ