​ДДХ: Даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат»

12 апрели соли равон дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид.

Тавре Боҳир Раҷабов мудири шуъбаи омода кардани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии донишгоҳ иттилоъ дод, дар рӯзи аввали озмун аз рӯйи номинаҳои математика (арифметика, алгебра, геометрия), физика ва астрономия, химия, биология (ботаника, зоология, анатомия), география, технологияи иттилоотӣ беш аз 200 нафар донишҷӯён ва магистрантон иштирок намуданд.

Гуфта шуд, ки мақсад аз баргузории Озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари донишҷӯён ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ва инчунин дарёфти истеъдодҳои нав мебошад.

Ёдовар мешавем, ки даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» то 14-уми апрели соли равон дар номинаи ихтироъкорӣ идома меёбад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ