​ДДХ: беш аз 300 нафар бахшида ба Рӯзи илми тоҷик қадршиносӣ шуданд

Дар Муассисаи давлатии “Кохи Рӯдакӣ” ба муносибати Рӯзи илми тоҷик бо иштироки муовини раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ва ректори Донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом ва ҳайати устодон, докторантону магистрантон ва донишҷӯён ҷамъбасти дастовардҳои илмии устодон, олимони ҷавон, докторантон, магистрантону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров натиҷагирӣ гардид.

Дар оғоз иштирокчиён аз намоиши дастовардҳои илмии кафедраву факултетҳои Донишгоҳ, ки дар даромадгоҳи Кохи Рӯдакӣ ба намоиш гузошта шуда буд, дидан намуданд.

Дар қисми ифтитоҳии чорабинӣ ректори Донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб иштирокчиёнро ба муносибати ҷамъбасти сазовори ҳафтаи конференсияҳои илмии устодон, олимони ҷавон ва магистрантону донишҷўён, ки ба истиқболи ҷашнҳои“35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”,“20-солаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, “145-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ” ва Рӯзи илми тоҷик табрик гуфт.

Зайнура Азимӣ ба сухан баромада, номаи табрикоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи иштирокдорон расонд. Қайд гардид, ки Истиқлолияти давлатӣ барои ташаккули тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла илму маориф шароити мусоид фароҳам овард. Ҳидоят ва раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи баланд бардоштани мақоми илм дар ҷомеа ва дастгирии аҳли илму маориф самараҳои муфид ба бор оварданд.Мавсуф иброз дошт, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҳамчун боргоҳи илму маърифат ва маскани таълими наслҳои созандаву мутахассисони ҷавобгўи талаботи замон дар пешрафту инкишофи маънавии мамлакатамон нақши арзанда дорад.

Ректори донишгоҳ зикр дошт, ки воқеан, ҳам пас аз истиқлоли давлатӣ ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи илму маориф ҳамчун таҷассумгари симои маънавии халқ, муттаҳидкунандаи нерӯҳои зеҳнӣ, ақлонӣ, баёнгари таърихи гузаштаву муосир, ойину анъана, дигар муқаддасоти миллӣ таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамояд. Муқаррар гардидани чандин ҷоизаҳои давлатӣ дар соҳаи илму маориф, баргузории мулоқоту вохўриҳои Пешвои миллат бо аҳли зиёи мамлакат ва тадбирҳои дигар худ гувоҳи ҳақиқати ин амр аст. Сарвари давлат ҳамеша дар мулоқотҳояшон махсусан ба масъалаҳои рушди илми тоҷик, хоса илмҳои табиатшиносӣ ва дақиқ таваҷҷўҳи махсус зоҳир намуда, таъкид менамоянд, ки дар замони тезтағйирёбандаи илму техника омода намудани мутахассисони соҳаи мазкур барои хоҷагии халқи кишвар ва амалӣ намудани ҳадафи чоруми стратегии мамлакат, яъне саноатикунонии истеҳсолот хеле саривақтӣ ва зарурӣ мебошад.

Гуфта шуд, ки дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров барои дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди илму инноватсия тамоми тадбирҳо андешида мешавад. Барои беҳтар кардани вазъи фаъолияти илмӣ ва баланд бардоштани раванди таҳсилот дар донишгоҳ дар давоми як соли охир 15 лабораторияҳои илмиву таълимӣ, аз қабили лабораторияиилмии глятсиология (пиряхшиносӣ)-и факултети геоэкология ва туризм, лабораторияи медиажурналистика ва рушди расонаҳои нави факултети филологияи тоҷик, лабораторияи студияи таълимӣ-телевизионии “Фурӯғ”, лабораторияи рӯзғордории факултети санъати тасвирӣ ва технология, лабораторияиилмӣ-ташхисӣ амал дар назди факултети геоэкология ва туризм, лабораторияҳои муосири илмӣ-тадқиқотӣ факултети математика, лабораторияи системаҳои ирсолии факултети телекоммуникатсия ва технологияи иттилоотӣ ва инчунин гӯшаҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Илм-фурӯғи маърифат”-и Китобхонаи илмии донишгоҳ таъсис ва мавриди истифода қарор гирифтанд.

Дар идома ғолибони озмуни олими сол, кафедраи беҳтарин ва дигар номинаҳо ҷамъбаст гардида, ғолибон бо диплому ифтихорнома ва сипосномаву туҳфаҳои моддӣ қадршиносӣ гардиданд. Дар умум аз тарафи роҳбарияти донишгоҳ беш аз 300 нафар омўзгори муваффақ, олимони ҷавон, докторантон, магистрантон, донишҷӯён ва кормандоне, ки дар рушди соҳаи илму маориф нақши назаррас гузоштаанд, бахшида ба Рўзи илми тоҷик бо мукофотҳои пулию молӣ, диплом, ифтихорнома ва сипосномаи раёсати донишгоҳ қард карда шуданд.

Барномаи фарҳангӣ пешкаш гардида, ба руҳияи идонаву болидаи аҳли иштирокдорон ҳусни анҷом пазируфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ