​ДДХ: Баргузории мусобиқаҳои варзишӣ миёни устодону донишҷӯён

Муассисаи давлатии таълиии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”, баҳри баланд бардоштанисатҳимуҳорати варзишӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва тарзиҳаётисолим аз 01.11.2021 то 12.01.2021 байни ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи намуди футболи хурд, волейбол (бонувон), волейбол (мардон) баскетбол (бонувон) баскетбол (мардон) мусобиқаҳои варзишӣ ташкил ва гузаронида мешавад. Байни донишҷӯён бошад аз рӯи намуди футболи хурд, волейбол ва баскетбол мусобиқа гузаронида мешавад.

Эзоҳ: Ба бозиҳо роҳ дода намешаванд:

  • Шумораи варзишгарон нопурра бошанд;
  • Либосҳои варзишӣ надошта бошанд;
  • Дар қуръапартоӣ ширкат наварзанд.

Маркази иттилот ва таҳлили

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ